Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Н.Риёев: "То 6 ноябр ба осебдидагон хона дода мешавад"


Нахустин кӯмакҳои ҷамъовардаи аҳолии Тоҷикистон ба осебдидагони селоб дар вилояти Бадахшон ворид мешавад.

Шоми рӯзи 22 июл 5 мошини ҳомили ин кӯмакҳо аз вилояти Хатлон ба шаҳри Хоруғ расид ва кӯмакҳои бештаре дар роҳ аст. Ин кӯмакҳо аз фурудгоҳи шаҳри Хоруғ бо мошин ва чархболҳо ба минтақаҳои осебдида расонда мешавад. Нуралӣ Риёев, муовини аввали раиси вилояти Бадахшон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ироаи кӯмакҳо ба осебдидагони ин вилоятро шарҳ дод:

Нуралӣ Риёев: Дирӯз бегоҳӣ 5 мошини калони кӯмакҳо аз Хатлон ворид шуд. Ҳамин субҳ телефон карданд ва мехоҳанд 100 нафар кӯдакони аҳолии осебдидаро ба истироҳатгоҳҳои вилояти Суғд бибаранд. Дигар кӯмакҳо аз ноҳияҳо ва деҳоти дигари худи вилояти Бадахшон ворид шуда истодааст. Ҷаноби олӣ барои ҳар хонаводае, ки пурра зарар дидааст, 10 ҳазор сомонӣ ва барои хонаводаҳое, ки қисман зарар дидаанд, 6 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст. Рӯзи ҷумъа сарвазири Тоҷикистон ба вилоят меояд ва ин кӯмакҳо дастраси осебдидагон гардонида мешавад. Замин тақсим шудааст. Ташкилоту муассисаҳои вилоят вазифадор карда шудаанд, ки сари вақт хонаҳоро созанд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ супориш додааст, ки то 6 ноябр хонаҳоро сохта ба осебдидагон диҳанд. Инчунин аз сӯзан сар карда, осебдидагонро бо ҳамаи ашёи дигари рӯзгор дар хонаҳои навсохт таъмин мекунанд. Ин корҳо аз ҳоло ба нақша гирифта шудааст ва мо бовар дорем, ки аз ин вазъи душвори пешомада мебароем. Мардум аз ноҳияҳои гуногун занг мезананд ва омода ҳастанд, ки кӯмаки худро расонанд. То даромадани осебдидагон ба хонаҳои навсохт, кӯмак идома меёбад. Ҳоло мардум бо ҳамаи навъҳои хӯрокӣ таъмин ҳастанд.

Озодӣ: Чунин нест, ки кӯмакҳо аслан ба Хоруғ меояд ва аз он ҷо ба минтақаҳои оседида, масалан ба Шуғнон, Ванҷ ва ҷойҳои дигар расонда мешавад?

Нуралӣ Риёев: Бале, ҳар касе, ки дар як гӯшаи Бадахшон аз ин офат зарар дидааст, ин кӯмакҳо расонда мешаванд. Масолеҳи сохтмонӣ ҳам ба таври ройгон дастрас карда мешавад.

Озодӣ: Дар ҷое, ки ба аҳолии зарардида замин тақсим кардед, оё шаҳраки нав бо тамоми шароити зарурии зист бунёд намешавад?

Нуралӣ Риёев: Албатта. Мо ҳоло ин ҷойро номгузорӣ накардаем, вале пешакӣ гуфтан мумкин аст, ки он шаҳраки калон мешавад. Ҳоло як қисмати ин маҳал барои 80 хона тақсим шудаст. Имрӯз сохтмони мактабу мағозаву дигар муассисаҳои заруриро оғоз намуданд. Дар марҳилаи дуввум 150 хонаи дигар сохта мешавад, ки ба дигар шахсони ниёзманд низ сохта дода мешавад. Ба нақша гирифтаем, ки дар ду-се рӯзи наздик ба ин ҷо аз чашмаҳои наздиктарин об орем. Кор сар шудааст. Боварӣ дорам, ки ояндааш хуб мешавад. Агар кӯмакҳои молӣ ва сохтмониеро, ки ҳукумати ҷумҳурӣ ҷудо кардааст, сари вақт дастрас кунем, кор пеш меравад. Бо истифода аз фурсат ба ҳамаи мардум ва муассисаву корхонаҳои ҷумҳурӣ, ки кӯмакашонро ба мо дареғ надодоштанд, мо мақомоти вилояти Бадахшон изҳори сипос мекунем.

Номаи сипоси бадахшониён барои кӯмакҳои сокинони Суғду Хатлон

Дар номае аз номи гурӯҳи ҷавонон ва мардуми Бадахшон ба кулли сокинони кишвар, ки дар рӯзҳои сахти ин мардуми офатзада ба кӯмак бархостанд, изҳори сипос шудааст. Дар ин нома, ки матнаш дастраси радиои Озодӣ ҳам шуд, ба сокинони Хатлону Суғд, Ҳисору Рашт ва Душанбе ташаккур баён шудааст, ки “дар душвортарин рӯзҳое, ки балоҳои табиӣ” ба сари мардуми Бадахшон овардааст, ҳамдарду ҳамроҳи онҳо буданд. Дар ин нома ҳамчунин ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷиву ниҳоду созмонҳои байнулмилалӣ низ изҳори сипос мешавад, ки сари вақт ба ёрии мардуми офатзада шитофтанд. Рӯзи 21 июл дар сомонаи ВКД Тоҷикистон ҳам матни сипоси сокинони Бадахшон ба президент Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина нашр шуд.

Бар асари селобҳои шадид ва обхезиҳо дар минтақаи Бадахшони Кӯҳӣ, ки рӯзи 16 июл нахуст аз рустоҳои соҳилии ноҳияи Шуғнон шурӯъ шуда баъдан дар Ванҷу Дарвоз, инчунин дар минтақаи шарқии Рашт ҳам сар зад, 6 нафар дар ноҳияи Ванҷ ва 1 нафар дар ноҳияи Рашт кушта шуданд. Дар Шуғнон 72 манзил пурраву қисман ва дар ноҳияи Рашт 50 хона пурра ва 15 хона қисман хароб шудааст. Дар ҷаласаи изтирории президенти Тоҷикистон рӯзи 22 июл таъкид шуд, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ хисороти моддии офатҳои табиии рӯзҳои охир дар тамоми манотиқи кишвар 600 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар муроҷиати Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ барои рафъи оқибатҳои табиии Тоҷикистон 100 миллион доллар кӯмак дархост шуд.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, кӯмакҳои башардӯстона ҳам аз ҷониби ҳукумат, ҳам сокинони манотиқи мухталифи кишвар ва ҳам аз ҷониби созмонҳои хайрияи байналмилалӣ ҳамоно дар ҳоли расидан ҳастанд ва ҳанӯз ҳаҷми пурраи ин кӯмакҳо ҳисоб нашудааст. Барои кӯмак ба зарардидагони офати табиӣ сурат-ҳисобҳои бонкӣ ифтитоҳ шудааст. Танҳо аз вилояти Хатлон, ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ба Бадахшон 1 тонна кӯмак расидааст.

Рӯзи 22 июл радиои Озодӣ дар бораи ба Бадахшон фиристода шудани корвони мошинҳои кӯмакҳои мардуми Хатлон хабар дод. Ин кӯмакҳо бо дастури мақомоти вилоят ҷамъ шудааст. Ин кӯмакҳо аз либос, ғизо, маҳсулоти кишоварзию полезӣ, сохтмонӣ ва доруворӣ иборат аст. Ҳамчунин, дар миёни кӯмакҳо кӯрпаю кӯрпача ва кампал ҳам фиристода шуд. Ба иттилои мақомот, ин кӯмакҳо аз 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ҷамъоварӣ шуда, сокинон ин кӯмакҳоро довталабона ҷамъ кардаанд. Ҳаҷми умумии кӯмакҳои ҷамъшуда тахминан 200 ҳазору 300 сомонӣ ҳисоб шудааст.

Кумаки хатлониён ба мардуми манотиқи офатзадаи Бадахшон.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

XS
SM
MD
LG