Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги 60 нафар дар ҳамла ба маркази омӯзиши пулис дар Покистон


Мақомҳои амниятӣ дар Покистон мегӯянд, ки дар ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба як маркази омӯзишии пулис дар шаҳри Кветта - маркази вилояти Балуҷистон - ҳадди ақалл 60 нафар кушта ва беш аз 100 тани дигар захмӣ шудаанд. Ба гузориши расонаҳои Покистон, ин ҳамла шаби 24 ба 25 октябр рух додааст.

Афроди мусаллаҳ ба Маркази таълимии пулис, ки ҳудуди 600 донишҷӯи низомӣ дар ҳоли гузарондани давраи омӯзишӣ буданд, ҳамла карда ва теъдоде аз онҳоро ба гаравгон гирифтанд. Як мақоми баландпояи амниятӣ дар Кветта гуфтааст, ҳудуди панҷ террорист ба ин марказии омӯзишии пулис ҳамла карданд ва ба зӯр аслиҳаи донишҷӯёни пулисро гирифтаанд.

Ҳамла дар ҳоле сурат гирифтааст, ки аксари аксари донишҷӯёни пулис дар хоб будаанд."

Мир Сарфароз Бугтӣ, сардори раёсати вазорати корҳои дохилии Покистон дар Балуҷистон, қаблан гуфта буд, ки шаш ё ҳафт фарди мусаллаҳ ба ин маркази таълимии пулис ҳамла кардаанд. Як мақоми баландпояи амниятии дигар низ гуфтааст, ба назар мерасад ин ҳамла барномарезишуда будааст ва аз панҷ тараф ба ин маркази пулис ҳамла сурат гирифтааст. Вай изофа кардааст, афроди мусаллаҳ дар ҳоле вориди ин маркази пулис шуданд, ки ҳудуди аз 200 то 250 донишҷӯи пулис дар хоб буданд.

Расонаҳои маҳаллии Покистон мегӯянд, дар соатҳои яки шаби сешанбе се садои таркиш шунида шудааст. То бомдоди сешанбе тирандозиҳо дар ин маркази таълимии пулис идома доштааст. Ин маркази омӯзишии пулис дар 13-километрии берун аз шаҳри Кветта қарор дорад.

То ба ҳол ҳеҷ гурӯҳ масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Аммо генерал-майор Шер Афғон, як мақоми баландпояи артиш дар вилояти Балуҷистон ба матбуот гуфтааст, ҳамлаварон аз Афғонистон зангҳои телефонӣ дарёфт кардаанд ва масъули ин ҳамла гурӯҳи "Лашкари Чангавӣ Ал-Оламӣ" мебошад.

Нахуствазири Покистон Навоз Шариф ва дигар раҳбарони сиёсии он кишвар ин ҳамларо, ки боис ба марги даҳҳо тан шуд, маҳкум кардаанд. Дар ҳоли ҳозир ҷасади захмиён ба бемористонҳо ва аҷсоди кушташудагон барои ҷаноза, интиқол дода мешаванд. Тибқи охирин гузоришҳо, дар ҳоли ҳозир бархе аз ҷодаҳои наздики маҳаллӣ ҳодиса ба рӯи воситаҳои нақлиёт боз шудаанд, аммо дар минтақаҳои шаҳри Кветтар тадобири шадиди амниятӣ рӯи даст гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG