Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамоат-ал-Аҳрор масъули ҳамлаи фоҷеабори Лоҳур


Масъулияти ҳамлаҳои хунини рӯзи 27 март дар боғи "Гулшани Иқбол" дар шаҳри Лоҳури Покистонро гурӯҳи Ҷамоат-ал-Аҳрор бар дӯш гирифтааст.

Мақомоти Покистон эълон кардаанд, ки дастандаркорони бомбгузории рӯзи якшанбе дар шаҳри Лоҳурро пайдо хоҳанд кард. Дар ин бомбгузорӣ беш аз 70 нафар кушта, тақрибан 300 нафари дигар ҷароҳат бардошгтаанд.

Азим Баҷво - сухангӯи низомиёни ин кишвар дар сафҳаи Твиттери худ навиштааст: “Мо бояд қотилони бародарону хоҳарон ва кӯдакони бегуноҳи худро ба сазои аъмолашон бирасонем ва ба ин ҳайвонҳои ваҳшӣ имкон надиҳем, ки ба зиндагиву озодиҳои мо таъсир гузоранд.”

Масъулияти ин амали террористиро Ҷамоати Таҳрики Толибони Покистон бо номи Ҷамоат-ал-Аҳрор бар ӯҳда гирифтааст. Раҳил Шариф - раиси ситоди артиши Покистон гуфтааст, ки шабона бар зидди террористҳо амалиётро оғоз хоҳанд кард. Дар мусоҳибае аз Помир Соҳил - таҳлилгари умури Покистон дар Радиои Озодӣ пурсидам, охирин хабарҳои марбут ба ин ҳамла чӣ аст?

Соҳил: Баъд аз ҳамлаи Лоҳур ду мулоқоти мақомоти раҳбарӣ дар Покистон баргузор шуд, яке зери раёсати нахуствазир Навоз Шариф ва дигарӣ зери раёсати Раҳил Шариф - раиси ситоди артиши Покистон. Ин ду мақоми раҳбарӣ ба тавофуқ расиданд, ки амалиёт бар зидди тундравҳо дар аёлати Панҷоб сурат бигирад. Ин аёлат маркази қавии ҳамаи созмонҳои террористии Покистон арзёбӣ мешавад. Ин ду раҳбар тасмим гирифтанд, ки дар ин минтақа амалиёти низомӣ оғоз шавад. Дар он нируҳои кашф низ ширкат хоҳанд кард. Нахуствазир қавл дод, ки дар мубориза бар зидди террористҳо комёб хоҳанд шуд.

Озодӣ: Ҷамоати Таҳрики Толибони Покистон таҳдид кардааст, ки дар оянда ба биноҳои давлативу ҳукуматӣ ва низомӣ ҳамла хоҳад бурд. Шумо фикр намекунед, ки ин гуна таҳдидҳо гашту гузори мардум дар шаҳр ва дар ҷойҳои ҷамъиятиро маҳдуд мекунад?

Соҳил: Албатта, маҳдуд мекунад. Ин ҳамла дар ҳоле анҷом гирифт, ки ақалиятҳои масеҳӣ барои таҷлил аз Иди Поки худ рӯзи якшанбе гирд омада буданд. Дар он вақт бештар занону кӯдакон дар Чаҳорбоғи шаҳри Лоҳур машғули саргармиҳои ид будаанд ва онҳо ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Ҷамоати Таҳрики Толибон мегӯяд, ки онҳо масеҳиёнро дар ин ҳамла ҳадаф қарор додаанд. Онҳо эълон карданд, ки ҳамлаҳои бештар анҷом хоҳанд дод. Ин ҳамлаҳо аз ҳамлаҳои маргталабона ва аз бомбгузориҳо иборат хоҳанд буд. Чунин ҳамлаҳо баъд аз он оғоз ёфт, ки ҳукумати Покистон дар чаҳорчӯбаи барномаи амнияти миллӣ баъд аз ҳамлаи тундравҳо ба мактабе дар Пешовар амалиёти густурдаро бар зидди террористҳо оғоз кард.

Озодӣ: Таҳрики Толибон бо ин ҳамлаҳои фоҷеабор бар зидди мардум чӣ ҳадафҳоро дунбол мекунад?

Соҳил: Таҳрики Толибон бо номи Ҷамоат ул Аҳрор мехоҳад, ки дар Покистон ба ҷои низоми кунунии сисёсӣ шариати исломиро ҷорӣ кунад. Барои ҳамин онҳо бар ин ақидаанд, ки ҳар шахс ё гурӯҳи сисёсӣ, ки бар зидди ҳадафҳои онҳо мебошад, бояд мавриди ҳамла қарор бигирад. Тундравҳо ҳамчунин мегӯянд, ки ҳукумати Покистон аз эътилофи зидди террористии зери фармондеҳии Амрико дар Афғонистон ҷонибдорӣ мекунад. Барои ҳамин ҳукумат ва низомиёни Покистон ҳам душмани онҳо дониста мешаванд ва тундравҳо онҳоро низ ҳадаф қарор медиҳанд.

Озодӣ: Оё ба ин амали фоҷеабори Ҷамоат ул Аҳрори Толибон маҳофили байналмиллалӣ низ вокуниш нишон додаанд?

Соҳил: Бале, тақрибан ҳамаи сиёсатмадорони номдори дунё ин ҳамларо қотеъона маҳкум карданд. СММ ва Амрико аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Дар изҳороти вазорати корҳои хориҷаи Амрико омадааст, ки онҳо дар мубориза бар зидди тундгароӣ ва терроризм ба Покистон кӯмак мекунанд.

XS
SM
MD
LG