Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Тоҷикистон бо ташкили комиссияиҳои ҷамъиятӣ мехоҳад мубориза бар зидди фасодро дар сатҳи маҳалҳо тақвият бахшад.

Оҷонсии зидди корупсия тарҳи қарори таъсиси Кумиссияи ҷамъиятии зидди коррупсия дар ҳукуматҳои маҳаллиро дар сомонаи худ ба нашр расонид, ки дар он вазифа, ҳадаф ва барномаи амали кумиссияи мазкур зикр карда шудааст.
Дафтари матбуоти Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 24-уми декабр ба радиои Озодӣ гуфт, ки ин тарҳро дар сомонаи ин ниҳод нашр шудааст, то мардум бо вазоифу ҳадафҳои ниҳоди ҷамъиятии зидди корупсия ошно шаванд.

«Кумиссияи мазкур як иттиҳодияи мустақил буда, дар доираи қавонини Тоҷикистон ва қарорҳои маҷлиси вакилони мардумии шаҳру навоҳии кишвар фаъолият менамояд. Ин комиссия тобеи Шӯроми миллии зидди корпусия хоҳад буд,» - зикр шудааст дар хабари оҷонсии зидди фасод.

Бино ба ин тарҳ, дар Тоҷикистон боз ниҳоди вижае, ин навбат бо ширкати густардаи ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ алайҳи фасоди фарогир пиёда мешавад, ки ба гуфтаи Ҳусейн Сайфиддинов, мушовири президент ва котиби Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Тоҷикистон, муборизаи тамоми ҷомиаро алайҳи фасод дар Тоҷикистон ба роҳ мемонад.

Вай афзуд: «Ҳадаф муқовимат бо коррупсия аст. Комиссияҳо мушкилотеро, ки дар мантоиқ ба коррупсия рабт доранд, муайян мекунад ва дар сатҳи мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомиаи шаҳрвандӣ дар минтақа баррасӣ карда, ҷиҳати пешгирии он воситаҳои таъсиррасонии ҳам давлатӣ ва ҳам ҷамъиятиро истифода мекунад. Ин ниҳоди нав нест. Як василаи ҷалб кардани ҷомиаи шаҳрвандӣ ба мубориза бо коррупсия дар маҳалҳо аст»

Бино ба тарҳи низомномае, ки барои таъсиси комиссияҳои ҷамъиятии ҷилавгирӣ аз коррупсия дар маҳалҳо таҳия шудааст, ҳукумати Тоҷикистон феҳристи тадобиреро ҷиҳати ҷилавгирӣ аз коррупсия пиёда карданист. Ин комиссияҳо дар миёни мардум Стратегияи миллии мубориза бо коррупсияро, ки барои солҳои 2013 -2020 омода шудааст таблиғ ва амалӣ хоҳанд кард ва шиори барномаи онҳо «Агар озод будан хоҳӣ, ғуломи қонун бош!» аст. Онҳо ҳамчунин мониторинги вазъи коррупсиониро таҳия хоҳанд кард, натиҷаҳои кори ниҳодҳои давлатиро ба мардум хоҳанд расонд ва дар кулл назорати ҷамъиятии тадобири зиддифасодро таъмин хоҳанд намуд.

Комиссияҳоро намояндаи мақомоти давлатӣ раҳбарӣ мекунанд, муовини ӯ намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ хоҳад буд. Аъзои комиссия аз ҳисоби намояндагони аҳзоби парлумонӣ - наҳзати исломӣ ва аграрӣ, соҳибкорон, фаъолони ҷомиа, рӯзноманигорони маҳаллӣ ва дигар намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ хоҳанд буд.

Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон пинҳон намедорад, ки фаъол шудани комиссияҳои ҷамъиятии ҷилавгирӣ аз коррупсия дар маҳалҳо тақозои Созмони иқтисодии ҳамкорӣ ва рушд (ОЭСР) аст, ки соли 2010 дар чаҳорчӯби Нақшаи стамбулии фаъолиятҳои Шабакаи мубориза бо коррупсия барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ таҳия ва ба нақшаи Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Тоҷикистон ворид шудааст.

Бо ин вуҷуд, комиссияҳои ҷамъиятии ҷилавгирӣ аз коррупсия дар маҳалҳо дар чаҳорчӯбаи нақшаи Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Тоҷикистон ба муборизае ворид мешаванд, ки то ба имрӯз аз сӯи чанд ниҳоди қудратӣ, назири ниҳоди вижа - Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, вазорати корҳои дохилӣ ва додситонӣ бурда мешуд. Аммо ин ҳама имиҷи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари фасодзада аз байн набурд. Пешрафти аз нигоҳи мақомот бузург ва аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ночиз ин буд, ки имсол Тоҷикистон дар рейтинги Transparansy International аз мақоми 157 ба 154 поён омад. Оё пиёда шудани ин мубориза дар сатҳи ҷомиа, яъне дар ҳар кунҷу канор ва бо ширкати худи мардум дар чаҳорчӯби комиссияҳои ҷамъиятӣ чӣ хоҳад дод?

Рустам Тахиров, сарвари созмони «Ҷавонони асри нав», ки низ ҳамкори ҳукумат дар мубориза бо коррупсия аст, мегӯяд, агар тамоми қишрҳои ҷомиа фаъолияти ин комиссияҳоро пайгирӣ накунанд ва ба он бетафовут бошанд, мантиқан натиҷаи дилхоҳро наметавон ба даст овард: «Чаро ин тавр мегӯям? Аз он хотир, ки ҳар комиссия ҳамчун шахси ҳуқуқӣ, аммо сохтори ҷамъиятӣ ва бисёртарафа ташкил мешавад. Табиист, ки ин ҷо ҳама ҳуқуқи баробар доранд. Кори комиссия аз худи мардуми ҳар як минтақа вобастааст, ки чӣ тавр мушкили худро матраҳ мекунад. Ва муносибати ҳар як сокини ин ё он минтақа ба ин комиссия муайян мекунад, ки кори он чӣ тур хоҳад буд»

Дар ҳамин ҳол, иддае дигар аз коршиносон ташкили комиссияҳои ҷилавгирӣ аз коррупсия дар маҳалҳоро танҳо ба хотири қонеъ кардани тақозои Созмони иқтисодии ҳамкорӣ ва рушд медонанд. Аз нигоҳи онҳо, дар як низоме, ки пурра дар «асорат»-и фасод аст, ба вуҷуд овардани ниҳоди муассири муқовимат ба он “тақрибан имконнопазир” шумурда мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG