Пайвандҳои дастрасӣ

Фасод ҳоли кишварҳоро "табоҳ" мекунад


Созмони Шаффофияти Байналмилал мегӯяд, фасоду ришвахорӣ дар ниҳодҳои давлатӣ , аз дар ҷумла кишварҳои шӯравии собиқ ҳоли ин кишварро “табоҳ” мекунад. Дар арзёбии солонаи ин созмон, ки рӯзи сешанбе нашр шуд, омадааст, ки фасодкорӣ дар кишварҳои муштаракулманофеъ ҳамчунон зиёд аст. Светлана Савитская намояндаи ин созмон мегӯяд:"Агар дар бораи шӯравии собиқ бигӯем, имсол ҳеҷ чизе хурсандкунандае надоранд, зеро вазъи онҳо “торик” аст ва тағйир накардааст. Ҳатто дар Гурҷистон, ки пешсафи мубориза дар мубориза бо коррупсия дар Аврупои Шарқӣ ва шӯравии собиқ ном бурда мешавад, нишондодҳо назар ба соли гузашта поинтар омадааст." Ба гуфтаи хонум Савитская, кишварҳои муштаракулманофеъ “як беморӣ” доранд, ки мубориза бо фасодкориро сахт мекунад ва он ҳам “тамаркузи қудрати сиёсӣ ва иқтисод дар дасти элитаи ҳоким дар он кишварҳо.” Тоҷикистон дар феҳрасти Созмони Шаффофияти Байналмилал дар мақоми 153 ва зинаҳои поёне қарор дорад. Дания ва Зеландияи Нав ба қавле кишварҳои поктарин аз фасод хонда шудаанд.
XS
SM
MD
LG