Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш меҳмонхонаи панҷситорадори оилаи президент дар Боку


Меҳмонхонаи "Шератон" дар Боку
Меҳмонхонаи "Шератон" дар Боку

Маркази гузоришҳо дар бораи ҷиноятҳои созмонёфта ва ришвахорӣ мегӯяд, оилаи раисиҷумҳури Озарбойҷон ба камияш шаш меҳмонхонаи панҷситорадорро дар ин кишвар дар ихтиёр дорад.

Як таҳқиқоти тозаи Маркази гузоришҳо дар бораи ҷиноятҳои созмонёфта ва ришвахорӣ (OCCRP), ки 28 июн нашр шуд, мушаххас кардааст, оилаи Илҳом Алиев – раисиҷумҳури Озарбойҷон ба камияш шаш меҳмонхонаи панҷситорадор дар ин кишварро зери назорат доранд. Таҳқиқот мегӯяд, ин шаш меҳмонхонаи панҷситорадор дар Боку, пойтахти Озарбойҷон, воқеъ буда, як меҳмонхонаи дигарашон дар ҳоли бунёдшавист.

Ба қавли хабарнигорони OCCRP, ҳоло Алиевҳо меҳмонхонаи Fairmont (воқеъ дар соҳили баҳри Каспий), Marriott Hotel Absheron Baku (соли 2012 дар он ҷо озмуни "Евровидение" гузаштааст)​, Four Seasons ва Sheraton (дар наздикии фурудгоҳи Боку) ва Intourist (дар замони Шӯравӣ бунёд шуда, чанд вақти пеш таъмир дидааст)-ро дар ихтиёр доранд. Boulevard - бузургтарин толор-меҳмонхона дар минтақаи баҳри Каспий низ ба оилаи раисиҷумҳури Озарбойҷон рабт дода мешавад.

Меҳмонхонаи дигаре, ки дар ҳоли бунёдшавист ва "Динамо" ном дорад, дар маркази шаҳри Боку ҷойгир будааст ва он ҳам “мол”-и Алиевҳо гуфта мешавад. Маросими ифтитоҳияи он дар соли 2016 ба нақша гирифта шудааст.

Маркази гузоришҳо дар бораи ҷиноятҳои созмонёфта ва ришвахорӣ ё OCCRP мегӯяд, оилаи раисиҷумҳури Озарбойҷон боз ду фароғатгоҳ доштаанд, ки аз онҳо Pik Palace Shahdagh ва Park Chalet Shahdagh ном бурда мешавад. Инчунин, бино ба паҳӯҳиши OCCRP, духтарони Алиев меҳмонхонаи Jumeirah Bilgah Beach Hotel-ро низ дар ихтиёр доштаанд.

Таҳқиқотгарон мегӯянд, баъзе аз меҳмонхонаҳои панҷситорадор, ки ба оилаи Алиевҳо рабт дорад, расман ба номи соҳибкор Ашаф Камилов, молики ширкати First Family сабт шуда, аммо дар асл ин бизнесро хонаводаи раисиҷумҳури Озарбойҷон мечархонанд. Меҳмонхонаи Fairmont расман дар номи ширкати Azinko Development ва Jumeirah - Azinko Holding Company будааст. Пажӯҳишгарони OCCRP мегӯянд, ҳардуи ин ширкат тавассути раҳбари Азинко ба хонаводаи Илҳом Алиев рабт мегиранд.

Меҳмонхонаи Sheraton-ро ширкати Silkway Holding дар ихтиёр доштааст. Таҳқиқоте, ки ҳанӯз панҷ соли пеш анҷом шуда буд, нишон дод, ки Silkway ба духтари хурдии раисиҷумҳури Озарбойҷон Орзу Алиева ва ҳамсари президенти ширкати давлатии ҳавопаймоии AZAL - Зарифа Ҳамзаева тааллуқ дорад. Дар мавриди меҳмонхонаи Marriott, ки дар майдони Озодии Боку воқеъ аст, гуфта мешавад, он соли 2006 ба таври пинҳонӣ ба Pasha Holding, ки мутаалиқи Алиевҳост, фурӯхта шудааст.

Пажӯҳишгарони OCCRP мегӯянд, ҳамаи ин меҳмонхонаҳо ҳангоми баргузории Бозиҳои аввалини аврупоӣ дар Боку пури одам буда ва зоҳиран ба ҷайби Алиевҳо даромади ҳангуфт низ оварданд. Ба қавли таҳқиқотгарон, танҳо ба Боку барои иштирок дар ин бозиҳо 9 ҳазор варзишгару мураббӣ ва намояндагони идораҳои варзиши 50 кишвари дунё рафтаанд.

Дар аксҳо: Қасри хонаводаи Илҳом Алиев дар Лондон

XS
SM
MD
LG