Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вакили дифоаш мегӯяд, тафтиши пешакии парвандаи ҷиноии Александр Содиқов, пажӯҳишгари ҷавон, ки ба ҷосусӣ муттаҳам мешавад, хотима ёфтааст.

Тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноии Александр Содиқов, муҳақиқи ҷавоне, ки бо иттиҳоми ҷосусӣ дар Хоруғ дастгир шуд имрӯз ба поён расид. Абдуқаюм Юсуфов, вакили мудофеъи Александр Содиқов рӯзи 19 август ба Радиои Озодӣ гуфт тафтишоти пешакии парвандаи Александр Содиқов ду моҳ идома кард. Ӯ афзуд, интизор меравад то поёни имрӯз муфатишони Кумитаи амнияти миллӣ тасмими баъдии худро эълон кунанд, ки мӯҳлати тафтишотро тамдид хоҳанд кард ва ё парвандаро қатъ мекунанд.

Александр Содиқови 31-сола ва унвонҷӯи Донишгоҳи Торонтои Канада, ки аз соли 2011 дар онҷо иқомат дошт, рӯзи 16-уми июн дар шаҳри Хоруғ бо иттиҳоми ҷосусӣ ва хиёнат ба ватан дастгир карданд. Александр Содиқов мегӯяд, ки ҳеҷ гуноҳе надорад ва барои пажӯҳиши заминаҳои ноамнӣ ва дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Экстерери Бритониё ба Хоруғ рафта буд. Шаҳри Хоруғ моҳи май шоҳиди хунрезӣ ва бетартибӣ шуд.

Ҳарчанд Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон нагуфтааст, ки вале дар матбуоти расмии кишвар мақолаҳое нашр шуд, ки дар он Александр Содиқов ҳамчун гумоштаи Бритониё муааррифӣ мекарданд.

Баъди боздошти Александр Содиқов, доираҳои илмии ҷаҳон ва донишмандони зиёде аз давлати Тоҷикистон хостанд, пажӯҳишгари ҷавонро аз боздошт раҳо кунад. Ин масъаларо ҳукумати Бритониё ҳам бо мақомоти расмии Тоҷикистон дар миён гузошт ва Александр Содиқов дар ниҳоят рӯзи 21-уми июл бо васиқа ва ба шарти тарк накардани маҳалли зисташ аз боздошти раҳо карда шуд. Худаш дар мусоҳибае ба Радиои Озодӣ гуфт, умедвор аст, ки парвандаашро одилона баррасӣ мекунанд ва бегуноҳиаш собит мешавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG