Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Осифа пас аз матлаби "Озодӣ" соҳиби шиноснома шуд


Осифаи Ғулофсафдар.

Осифаи Ғулофсафдар.

Як зани афғонтабори муқими ноҳияи Бохтар пас аз нашри матлаби Радиои Озодӣ, соҳиби шиносномаи афғонӣ шудааст. Аммо ӯ мегӯяд, ки то ҳол муваффақ нашудааст, ки шиносномаи тоҷикӣ ба даст биорад.

Осифаи Ғуломсафдар, як зани афғонтабор, ки дар ноҳияи Бохтар ба сар мебарад, баъди гузориши Радиои Озодӣ дар бораи ӯву фарзандонаш, соҳиби шиносномаи афғонӣ шуд, вале мегӯяд, ки муваффақ нашудааст шиносномаи тоҷикӣ бигирад.

Осифа имрӯз, 24 феврал бо сипос аз Радиои Озодӣ дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, ки баъди нашри гузориш дар бораи зиндагии сангинаш, бо кӯмаки як созмон, ки номашро намедонад, аз шаҳри Душанбе мусоидат кардаанд, ки сафорати Афғонистон барояш шиносномаи афғонӣ бидиҳад.

Осифа мегӯяд, ки ҳоло талош дорад, ки дар асоси шиносномаи афғонӣ, соҳиби шиносномаи тоҷикӣ шавад ва баъдан барои фарзандонаш нафақа ва кӯмакпули пайдо намояд. Вай мегӯяд, ки гирифтани шиносномаи тоҷикӣ бо сабаби номаълум ҳалли худро наёфтааст. Ин зани афғон ҳудуди 18 соли пеш бо як марди паноҳандаи тоҷик бо номи Ҳасан аз Афғонистон ба Тоҷикистон омадааст.

Ӯ моҳи октиябри соли 2014 тариқи Радиои Озодӣ аз Ашрафғанӣ Аҳмадзай, раисиҷумҳури Афғонистон хоста буд, ки барои онҳо кӯмак кунад, то аз маҳалаи Ализохони Кобул барояш мадраки тасдиқкунандаи ҳувият ва шаҳрванди Кобул буданашро биёранд, чун вай борҳо ба сафорат ва созмонҳои дигар муроҷиат карда натавониста буд, ки мадраки тасдиқкунандаеро бигирад, ки барояш аз Тоҷикистон шиноснома бидиҳанд.

Осифа бо духтараш.

Осифа бо духтараш.

Ин зан мегӯяд, ки вақте бо гурезаҳои тоҷик аз Афғонистон қасди сафар ба Тоҷикистонро карда буд, пайвандонаш ба хотири мухолифат, ҳуҷҷатҳо ва бахусус шиносномаашро пора карда будаанд ва вай бидуни шиноснома бо ҳамроҳии даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон марзро убур карда омад, вале баъди марги шавҳараш, надоштани шиноснома ӯро ба мушкилот рӯбарӯ кард.

Шавҳари Осифа, ки табиб буд ва баъдан дар бозори Қӯрғонтеппа аробакашӣ менамуд, 2 соли пеш фавтид ва бори сангини зиндагӣ ва тарбияи 7 фарзанд бар дӯши ӯ уфтод. Осифа мегӯяд, ки наметавонад барои худаш шиноснома бигирад, чун мақомот шиносномаро дар асоси ҳуҷҷати расмии тасдиқкунандаи шахсият медиҳад.

Дар асоси пешниҳоди хонандагони Радиои Озодӣ бо ному насаби як наздики Осифа суратҳисобе дар бонки “Агроинвестбок” кушода шуда буд, ки ҳудуди 100 доллар аз он пайдо намуд. Аммо Осифа дар сӯҳбаташ гуфт, ки дар хонааш дигар орд нест, то барои фарзандонаш нон пазад ва ҳатто пуле надорад, ки барои дидани ду писараш ба хонаи ятимони ноҳияи Қубодиён биравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG