Пайвандҳои дастрасӣ

Кумак ба зани афғоне, ки умрашро нисори ишқи як тоҷик кардааст


Осифаи Ғуломсафдар

Осифаи Ғуломсафдар

Барои ироаи кумак ба Осифаи Ғуломсафдар, зани афғоне, ки зиндагияшро дар роҳи ишқи шавҳари тоҷикистониаш нисор кардааст, дар "Агроинвестбонк" суратҳисоби алоҳида боз кардаанд.

Қиссаи зиндагии Осифаи Ғуломсафдар, як зани 38-солаи афғон, ки 18 сол ба ин сӯ бидуни ягон ҳуҷҷате дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон зиндагӣ мекунад, ба мавҷи вокунишҳои мусбати хонандагони Озодӣ рӯбарӯ шуд.

Осифа 20 сол пеш, вақте дар Тоҷикистон оташи ҷанги шаҳрвандӣ фурӯзон шуда, садҳо ҳазор нафар асосан аз водии Вахш дар Афғонистон паноҳ бурданд, бар хилофи хости волидонаш ба як ҷавони гуреза аз Тоҷикистон издивоҷ кард ва 18 сол пеш ҳамроҳи шавҳараш Ҳасан ба зодгоҳи ӯ – ноҳияи Бохтар омад.

Осифа бо кумаки ҳукумати ноҳияи Бохтар барои 7 фарзандаш, ки аз ҳама хурдияш 3 сол дорад ва калонияш 20-сола аст, зоднома (шаҳодатномаи таваллуд) гирифт, аммо худаш санаде надорад, чун мақомот намедонанд, ин санадро бар пояи кадом ҳуҷҷат омода кунанд. Осифа ба Радиои Озодӣ мегӯяд, ҳарчанд ба идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва сафорати Афғонистон муроҷиат кард, ки вай зодаи маҳаллаи Ализохони Кобул аст, ба ӯ бовар намекунанд ва дар сафорати Афғонистон ҳатто нахостаанд, арзашро шунаванд.

Чанде пеш шавҳари Осифа, ки дар бозор аробакашӣ мекард, даргузашт ва ин зан ҳоло мехоҳад, барои аёдати модари пираш ақалан боре ба Афғонистон биравад, вале бидуни санад ба марз роҳаш намедиҳанд. Ӯ дар ин росто ҳатто аз раисиҷумҳури ҷадиди Афғонистон Ашрафғанӣ Аҳмадзай дархости кумак кардааст.

Вазъи зиндагии хонуми Осифа ва фарзандонаш хеле бад аст. Ба иллати камбизоатӣ писари калонияш таҳсил накардааст ва аммо соли равон фарзандони хурдияш, ки ҳуҷҷати расмӣ гирифтанд, ба мактаб рафтанд. Вақте хабарнигори Озодӣ ба хонаи онҳо рафт, Осифа барои фарзандонаш аз гӯшти хайркардаи сарватмандони деҳа шӯрбо - ғизое бо андаке гӯшт ва сабзию пиёз омода карда буд, вале рӯи дастархонашон пораҳои нон кам дида мешуд, чун халтаи ордашон тамом шуда нонашон низ камтар будааст.

Осифаи Ғуломсафдар

Осифаи Ғуломсафдар

Осифа, ки зиндагии чандон серу пуре надорад, маҷбур шудааст, кӯдаконашро барои тарбия ба хонаи кӯдакони Қубодиён бидиҳад: “Мани камбахт аз тоҷикҳо ҳеч озоре надидаам ва ҳамеша кӯмакам мекунанд. Ҳафт фарзанд дорам, ки зодгоҳашон ин ҷост. Писаронам дар хонаи кӯдакони Қубодиён ҳастанд, ки дер-дер ба наздашон меравам. Ростӣ, дар ид натавонистам пешашон равам, чун роҳ дур аст ва роҳхарҷӣ надорам.”

Ӯ бо ин вуҷуд мегӯяд, қасди бозгашти ҳамешагӣ ба Афғонистонро надорад, чун шавҳараш дар ин ҷо ба хок супурда шудааст ва фарзандонаш низ дар ин ҷо бузург шудаанд. Осифа мегӯяд, танҳо ҳадафаш аёдати модари пираш аст.

Аксари хонандагони Озодӣ мегӯяд, достони ишқи ин зан ба шавҳари тоҷикистониаш онҳоро ба риққат овардааст. Бисёриҳо аз Радиои Озодӣ хоҳиш карданд, то ҳисоби бонкие барои Осифа Ғуломсафдар кушода шавад, то онҳо битавонанд ба ин зан кумаки худро бирасонанд.

Хабарнигори Озодӣ дар вилояти Хатлон Орзуи Карим ба ин манзур рӯзи 10 октябр ҳамроҳ бо Осифаи Ғуломсафдар ба шӯъбаи бонки “Агроинвестбонк” дар шаҳри Қӯрғонтеппа рафт ва барояш дар кушодани ҳисоби бонкӣ кумак кард. Азбаски Осифа ягон ҳуҷҷат надорад, ин ҳисоб ба номи зани ҳевари ӯ Файзинисо Давлатова кушода шудааст.

Шумораи ҳисобҳои бонкии Осифа Ғуломсафдар чунин аст:

Барои ироаи кумак бо доллари Амрико:

BENEFICIARY NAME:

DAVLYATOVA FAZINISO HALIKOVNA.

ACCOUNT IN AGROINVESTBANK

20218840702444590001

BANK BENEFICIARY

OJSC AGROINVESTBANK

ADRESS

KURGAN-TUBE , STR. VAHDAT, 25 A, TAJIKISTAN

SWIFT

AGIBTJ22XXX

ACCOUNT IN CITIBANK

36253384

CORRESPONDENT BANK

CITIBANK N.Y.

ADRESS

399, PARK AVENUE, NEW YORK, 10043, USA

SWIFT

CITIUS33XXX

DATAILS OF PAYMENT **

COMPLITION OF DEPOZITE AGREEMENT

D/001-52/244459-001 DAVLYATOVA FAZINISO HALIKOVNA.

БАНКОВСКИЕ РЕКВИЗИТЫ (Для перевода в долларах США)

Барои ироаи кумак бо рубли русӣ:

БАНКОВСКИЕ РЕКВИЗИТЫ Для перевода в Российских рублях:

ПОЛУЧАТЕЛЬ (Ф.И.О.)

ДАВЛЯТОВА ФАЗИНИСО ХАЛИКОВНА.

СЧЕТ ПОЛУЧАТЕЛЯ

20218810402444590001

БАНК ПОЛУЧАТЕЛЯ

ОАО АГРОИНВЕСТБАНК

АДРЕС БАНК ПОЛУЧАТЕЛЯ

ТАДЖИКИСТАН, г. КУРГАН-ТЮБЕ , 735140, УЛ, ВАХДАТ 25 А

SWIFT

AGIBTJ22XXX

БИК

350101403

ИНН

280000083

РАСЧЕТНЫЙ СЧЕТ ОАО АГРОИНВЕСТБАНК В АК СБЕРБАНК РОССИИ

30231810400000000395

КОРР/БАНК

AK СБЕРБАНК РОССИИ

АДРЕС

РОССИЙСКАЯ ФЕДЕРАЦИЯ, г. МОСКВА, 117997,

ул. ВАВИЛОВА, 19

КОРР/СЧЕТ

30101810400000000225 В ОПЕРУ ГУ ЦБ РФ

БИК

044525225

ИНН

7707083893

SWIFT

SABRUMM

НАЗНАЧЕНИЕ ПЛАТЕЖА **

ПОПОЛНЕНИЕ ДЕПОЗИТНОГО ДОГОВОРА № D/001-52/244459-002 ДАВЛЯТОВА ФАЗИНИСО ХАЛИКОВНА

Онҳое ки мехоҳанд мустақиман ба ин зан кумаке бирасонанд, метавонанд бо ин шуумора ба худи ӯ муроҷиат кунанд: 917 45 02 08. Осифаи Ғуломсафдар аз қабл ба ҳамаи онҳое, ки барои кумак ба ӯву фарзандонаш изҳори омодагӣ кардаанд, изҳори сипос кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG