Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони марз аз наздик шудани Толибон нигаронанд


Мақомоти марзбонӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯянд, ҷангҳо байни шӯришиёни ҷунбиши Толибон ва нерӯҳои амниятии Афғонистон ба 25-километрии хатти марзии Тоҷикистон наздик шудаанд.

Мақомоти марзбонӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯянд, ҷангҳо байни шӯришиёни ҷунбиши Толибон ва нерӯҳои амниятии Афғонистон ба 25-километрии хатти марзии Тоҷикистон наздик шудаанд.

Хабари наздик шудани ҷангандаҳои Толибон ба хатти марзи Тоҷикистон дар ҳоле аз сӯи марзбонҳои тоҷик садо дод, ки сокинони наздимарзии ноҳияи Фархор аз гардиши ҳавопаймо ва ҷархболҳои ҷангӣ сухан мекарданд. Ба гуфтаи марзбонон, гардиши ин ҳавопаймоҳҳо ба хотири назорати хатти марзи Тоҷикистон будааст.

Маҳмуд Раҳимбеков, муовини сардори қисми низомии ноҳияи Шӯрообод рӯзи 28-уми июл ба хабарнигорон гуфт, ки мусаллаҳони ҷунбиши Толибон ба 25-километрии хатти марзи Тоҷикистон дар минтақаи Шӯрообод даргириҳоеро ба роҳ андохтааст.

«Холо аз тарафи сарҳадбонони Афғонистон дар ин задухoрдҳо 25 нафар кӯшта шуда, аз сӯи ҷангандаҳои Толибон низ дар задухуртҳо талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шудааст. Аммо ҳаминро гуфтан лозим аст, ки то кунун дар хатти сарҳади Тоҷикистон ҳамлаҳои толибон ба қайд гирифта нашудааст»,-гуфт Маҳмуд Раҳимбеков.

Мақомоти низомии Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳамлаҳои Толибон ва гурӯҳҳои дигари мусаллаҳ ба нерӯҳои давлатии Афғонистон ба тарзи ногаҳонӣ ё «чирикӣ» ҷараён мегирад. Марзбонҳои тоҷик мегӯянд дар Бадахшони Афқонистон, ҳаммарз бо Бадахшони Тоҷикистон низ даргириҳо ба мушоҳида мерасанд.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷик танҳо задухӯрдҳо дар он тарафи марз нест, ки ҷониби Тоҷикистонро нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, гурӯҳҳои мусаллаҳбо истифода аз нооромиҳо дар марз қочоқи маводи муахдирро афзоиш додаанд.

Тибқи таҳлилҳои коршиносони дохиливу хориҷӣ, гурӯҳҳои мусаллаҳ аз фурӯши маводи мухаддир даромади ҳангуфт ба даст меоранд ва маблағҳои бузургро барои тақвияти низомии худ истифода мекунанд.

Анваршоҳ Раҳимбеков, муовини сардори қисми низомии дар ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯяд,дар шаш моҳи сипарӣ шуда, 13 ҳолати марзшиканӣ ва даргирӣ бо вайронкунандагони сарҳад ҷой дошт. Ба гуфтаи вай, дар ин даргириҳо 9 шаҳрванди Афғонистон кушта ва аз онҳо 600 килограмм маводи мухаддир мусодира шудааст. Ӯ мегӯяд, иллати афзудани марзшиканӣ дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон, дар он сӯи марз -- яъне Имом Соҳиб таҷаммӯъ кардани нерӯҳои Толибон аст.

Нооромии Афғонистон сокинони Шӯроободро нигарон кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00

Мақомоти тоҷик ва афғон қаблан эълон карда буданд, ки тиҷорати маводи мухаддир дар манотиқи шимолии Афғонистон ҳамакнун дар дасти Толибон аст. Ҳамзамон мақомоти давлатии Афғонистон ба Тоҷикистонро кафолат доданд, ки аз наздикшавии Толибон ба марзи Тоҷикистон пешгирӣ хоҳанд кард. Аммо дар се рӯзи охир як пойгоҳи муҳими ҳарбӣ дар Бадахшони Афғонистон ва як ноҳия дар наздикии шаҳри Мазори Шариф зери назорати толибҳо даромаданд.

Дар ҳоле, ки сокинон ноҳияи Фархор мегӯянд, ки аз садои тирпаронӣ аз он сӯи марз нигарон шудаанд, марзбонҳои тоҷик мегӯянд, ки то ҳол ҳамлаҳои гурӯҳҳои ифротӣ дар наздикии марз мушоҳида нашудааст.

Муҳаммади Исмоил, як сокини ноҳияи Фархор, ки дар атрофи дидбонгоҳи рақами 4 зиндагӣ мекунад, рӯзи 30 июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тай иду моҳи ахир овози тир аз он сӯи марз ба гӯш мерасад. Ба гуфтаи Муҳаммад садои тир баъди соати 8 бегоҳ рӯшан шунида мешавад. Ӯ мегӯяд, таи ду моҳи ахир парвозҳои бештари ҳавопаймо ва чархболҳои низомиро дар атрофи марз мушоҳида кардааст.

Толибон аз соли 1996 то соли 2001 қаламрави Афғонистонро таҳти контрол доштанд ва бо ҳамсоякишварҳои Осиёи Марказӣ аз рӯи принсипи “ту ба ман нарас ман ба ту кор надорам” бархӯрд мекарданд. Дар он солҳо бо он ки Тоҷикистон аз вуҷуди озмоишгоҳҳои тавлиди ҳероин дар он тарафи марз маълумот медод, ба сурати умум Толибон ба ҳеҷ кишвари минтақа ҳуҷум набурданд. Аммо ба гуфтаи Афғонистон ҳоло вазъ фарқ мекунад ва дар марз на танҳо Толибон, балки гурӯҳҳои дигари мусаллаҳ, ба монанди Ҳаркати Исломии Узбакистон ва гурӯҳи “Давлати Исломӣ ҷамъ шудаанд. Ду гурӯҳи ахир борҳо таҳдид кардаанд, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ “хилофат” бунёд мекунанд.

Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон зиёда аз 1300 километр буда аз тарафи сарҳадбонҳои тоҷик ҳифз мешвад.

XS
SM
MD
LG