Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашни 100-солагии Осимӣ дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил мешавад


Фарҳангистони улуми Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки 100-солагии академик Муҳаммад Осимӣ, донишманди маъруфи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил шавад.

Академияи улуми Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки 100-солагии академик Муҳаммад Осимӣ, донишманди маъруфи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил шавад. Дар ин замина, рӯзи 25 сентябр дар ҳамоиши таҷлил аз 95-солагии ин донишманд ҳайати мушовараи Фарҳангистон санаде тасвиб кард. Ҳамчунин, тибқи ин санад, ҳамаи китобҳои марҳум ва ёддоштҳову хотироташ, ки то ин замон рӯи чопро надидаанд, дар 3 ҷилд ба нашр хоҳад расид.

Садсолагии Муҳаммад Осимӣ, ки ба соли 2020 рост меояд ва ҳукумати кишвар бояд дар назди Фарҳангистони улум кумитаи тадорукоти ин ҷашнро ташкил кунад ва маблағи харҷи онро ҳам ҷудо кунад. Дар ин ҳамоиши илмӣ-амалӣ ба ифтихори 95-солагии Муҳаммад Осимӣ президенти Фарҳангистони улум Фарҳод Раҳимӣ сӯҳбат карда, нақши ин олими шинохтаи тоҷикро дар рушди илмҳои дақиқ ва фалсафа, ҳамчунин, тарбияву ахлоқи шогирдон хеле муҳим арзёбӣ кард.

Ҳамчунин, дар ин нишаст арбобони илм, пайвандон ва дӯстони академик Муҳаммад Осимӣ ширкат карда, маърӯзаҳои илмиро қироат ва хотироти худро баён карданд. Акбари Турсон, донишманди тоҷик, ки солиёни зиёд бо Муҳаммад Осимӣ пайванди дӯстӣ доштанд, нақши вайро натанҳо дар рушди илм, балки дар барқарор шудани сулҳу субот дар Тоҷикистон назаррас арзёбӣ кард.

Гиромидошти Муҳаммад Осимӣ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:38 0:00

Академик Муҳаммад Осимӣ аз ҷеҳраҳои саршинос дар маҳофили илмии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буда, дар Тоҷикистон ҳамчун файласуф мактаби илмии худро дошт. Муҳаммад Осимӣ 25 августи соли 1920 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, пас аз таҳсил дар факултети физикаю математикаи Донишгоҳи Самарқанд дар соли 1941 дар муассисоти таҳсилоти олии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Ӯ як муддат дабири Кумитаи Марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вазири маориф ва муъовини раиси Шӯрои вазирони кишвар буд.

Аз соли 1965 дар муддати беш аз 20 сол президенти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва аз моҳи октябри соли 1989 то замони фавташ дар соли 1996, раёсати Ҷамъияти равобити илмию фарҳангӣ бо мардуми форсизабони ҷаҳон мавсум ба “Пайванд”-ро ба ӯҳда дошт. Субҳи 29 июли соли 1996 академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Душанбе ба ҳангоми рафтан ба кор аз сӯйи афроди мусаллаҳи номаълум кушта шуд.

Бино ба иттилои манобеи ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон, ду тири таппончаи Макаров ба қисмати сар ва гардани ӯ расида ва ин чеҳраи саршиноси кишвар дар маҳалли ҳодиса ҷон бохт. Академик Муҳаммад Осимӣ муаллифи даҳҳо кутуби илмӣ ва садҳо мақолаҳои илмӣ буда ва узви чандин созмонҳои бонуфузи илмии байналмилалӣ ба шумор мерафт. Ӯ бо чандин нишону медолҳои Иттиҳоди Шӯравию Тоҷикистон қадр шуда, ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлал Неруро дарёфт карда буд.

Ҳамчунин, ин донишманди тоҷик узви ифтихории Фарҳангистони улуми Ҷумҳурии Деморатики Афғонистон маҳсуб мешуд. Ҳукумати Тоҷикистон барои хизматҳои кардани академик Муҳаммад Осимӣ Донишгоҳи техникӣ ва як хиёбонро дар шаҳри Душанбе ба номи вай номгузорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG