Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯҳбати телефонии Муҳиддин Кабирӣ бо доктор Абдуллоҳ


Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар тамоси телефонӣ ба доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзади раёсати ҷумҳури Афғонистон, ҳамлаи ахир ба ӯ ва ҷонибдоронашро маҳкум кард.

Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси Намояндагон бегоҳии дирӯз, 6-уми июн бо доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзади пештози мақоми раёсати ҷумҳурии Афғонистон сӯҳбати телефонӣ анҷом дода, ҳамлаи ахир ба корвони ӯ ва тарафдоронашро маҳкум кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҲНИТ, оқои Кабирӣ зимни сӯҳбат бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар робита ба сӯиқасди ноҷавонмардона алайҳи ӯ ва тарафдоронаш, ки чанд кушта ва беш аз 20 захмӣ ба ҷой гузошт, таъзият ва ҳамдардии роҳбарият ва аъзову ҷонибдорони ҳизбашро расондаааст.

Ба гуфтаи манбаъ, доктор Абдуллоҳ дар навбати худ аз ҳамдардии роҳбари ҲНИТ изҳори миннатдорӣ намуда, гуфт, ки ҳамдилӣ ва дуои бародарону хоҳарони тоҷик дар чунин лаҳзаҳои душвор ва такдирсоз барои ӯ ва ҳамроҳонаш нерӯи бештар мебахшад. Дар фарҷоми сӯҳбат, роҳбари ҲНИТ ба доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ барои пирӯзиаш дар даври дуввуми интихоботи президентии Афғонистон комебӣ таманно кардааст.

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳам ҳамлаи интиҳории ахир ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзади раёсати ҷумҳури Афғонистонро маҳкум кардааст. Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид рӯзи ҷумъа дар баёнияе эълом кард, "ҳеҷ иқдоми террористӣ наметавонад дар ҳаракати Афғонистон ба сӯи сулҳ ва субот ва демократия, ки аз сӯи мардум ва давлти Афғонистону ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳимоят мешавад, монеъ эҷод кунад."

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, яке аз номзадҳои интихоботи президентии Афғонистон дар авҷи маъракаи таблиғотӣ рӯзи ҷумъа ҳадафи ҳамла қарор гирифт ва ҷон ба саломат бурд. Номзади пешсафи интихоботи президентии Афғонистон, доктор Абдуллоҳ, мегӯяд, рӯзи 6 июн корвони мошинҳои ӯ дар ғарби Кобул ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Бино бар хабарҳои расида дар беруни меҳмонсарое, ки лаҳзае пеш Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар он ҷо мулоқот анҷом медод, ду таркиш ба вуқӯъ пайваст.

Вазорати умури дохилии Афғонистон мегӯяд, дар ин ҳамла 6 нафар кушта ва 22 кас захмӣ гаштаанд. Дар миёни захмиҳо чанде аз муҳофизони Абдуллоҳ Абдуллоҳ низ ҳастанд. Ҳанӯз масъулияти ин ҳамлаи террористиро касе ба ӯҳда нагирифтааст.

Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон Сиддиқ Сиддиқӣ дар бораи ин ҳамла ба хабарнигорон гуфт: "Ин як ҳамлаи террористӣ буд ва шукри Худо, доктор Абдуллоҳ осебе надид ва ҳам ҳеч яке аз аъзои тими ӯ осеб надидаанд. Ҳамаи онҳо амнанд."

Аммо намояндагони ситоди доктор Абдуллоҳ мегӯянд, аз шаш нафаре, ки дар ин таркишҳо кушта шуданд, се нафарашон аз муҳофизони Абдуллоҳ буданд. Худи ӯ низ дар як нишасти хабарӣ соате баъд аз ҳамла ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, "ягона посухи мо ба ин амал рафтан ба пойи сандуқҳои рой аст."

Доктор Абдуллоҳ номзади пешгоми даври дувуми интихоботи президентии Афғонистон ба шумор меравад, ки 14-уми июн баргузор шуда, дар он вазири пешини молияи Афғонистон Ашрафғанӣ Аҳмадзай бо ӯ сабқат меварзад. Ашрафғанӣ ва ҳамчунин раисиҷумҳури феълии Афғонистон Ҳомид Карзай ин ҳамларо маҳкум карданд ва гуфтанд, он кори дасти "душманони Афғонистон" аст, ки мехоҳанд, раванди демократиро дар ин кишвар ба ҳам зананд.

Cитоди Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар шарҳи ин ҳодиса гуфтааст, ки он наздикиҳои соати 12-и вақти маҳаллӣ дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки доктор Абдуллоҳ пас аз суханронӣ дар меҳмонхонаи "Ориёно", ба самти меҳмонсарои "Интер-Континентал" дар ҳаракат шуд. Ин замон мошине ба суръат ба мошини савуми корвони ӯ бархӯрд ва таркиши бузурге ба амал омада.

Дар бораи ҷузъиёти ҳодиса Фозил Санчоракӣ, сухангӯи ситоди интихоботии доктор Абдуллоҳ мегӯяд, номзад бо нишастан дар мошин бо телефон ба маҳфили бузурге дар Форёб пайваст шуд ва мехостааст, аз тариқи телефон бо мардуми Форёб сӯҳбат кунад, ки таркиш рух дод ва "мошини ҳомили доктор ҳудуди як метр бештар ё камтар аз замин ба ҳаво парида афтод, аммо хушбахтона ба ӯ осебе нарасид."

Ба гуфтаи ин манбаъ, доктор Абдуллоҳ нақшаи кории худро иваз накард ва пас аз чанде дар меҳмонхонаи "Интер-Континентал" бо интихобкунандагон мулоқот дошт.

Дар воқеаи дигар, ошӯбгарон ба раҳбари ситоди Абдуллоҳ дар вилояти Форёб генерал Абдулмалик ҳамла намуданд. Вай ба Радиои Озодӣ гуфт, худ ва бародараш аз ин ҳамла ҷон ба саломат бурданд, вале яке аз ҷонпосон (муҳофизон)-и ӯ кушта шуд.

Дар даври аввали интихобот 5-уми апрел Абдуллоҳ Абдуллоҳ 45 дарсад ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай 31,6 дарсад овоз гирифтанд.

Толибони Афғонистон таҳдид кардаанд, ки даври дуввуми интихоботро баҳам хоҳанд зад ва ба мардум ҳушдор додаанд, ки дар райъдиҳӣ ширкат накунанд. Дар арафаи даври аввал низ онҳо таҳдид карда буданд, ки ба баргузории интихобот роҳ нахоҳанд дод, аммо муваффақ нашуданд.

Ҳар номзаде, ки дар ин интихобот пирӯз мешавад, Афғонистони ҷангзадаро мерос хоҳад гирифт ва он ҳам дар шароите, ки нируҳои байналмиллалӣ то поёни соли равон Афғонистонро тарк мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG