Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Булдозер" аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳимоят кард


Пас аз эълони натоиҷи ибтидоии интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон, ташкили эътилофҳо барои даври дувуми интихобот оғоз шудааст.

Муҳаммадшафиқ Гулоғоз Шерзай, аз номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон пас аз эъломи натиҷаҳои ибтидоии интихобот, рӯзи шанбе ҳимояташро аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ номзади пештози ин интихобот эълом кардааст. Оқои Шерзай ҳини эъломи ҳимояташ аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ гуфт, "ман ба намояндагӣ аз тими худ ба хотири таъмини амният, сулҳу субот, ҳокимияти қонун, супурдани кор ба аҳли кор ва эҷоди як ҳукумати шоиста дар кишвар, аз тими доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳимоят менамоям."

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзади пештози интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон бо сипосгузорӣ аз Гулоғо Шерзай гуфт, агар интихобот ба даври дувум биравад, боз ҳам ин тимҳо барои пешрафти Афғонистон талош менамоянд. Гулоғо Шерзай пас аз эълони натиҷаҳои ибтидоии интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон аз сӯи Комиссияи мустақили интихоботи он кишвар, 1,6 дарсади орои интихокунандагонро ба даст оварда буд.

Гулоғо Шерзай аз фармондеҳони пешини муҷоҳиддин мебошад ва пас аз суқути режими Толибон, дар симати волии Қандаҳор ва Нангарҳор кор кардааст. Ӯ муддате дар кобинаи оқои Карзай фаъолият кард ва раиси ҷумҳури Афғонистон ӯро барои ҷиддият ва сахткӯшиаш "булдозер" ном ниҳода буд.

Дар ҳамин ҳол тими Абдуллоҳ Абдуллоҳ мегӯяд, ки музокироти онҳо бо номзадҳои дигар, ба вижа Зулмай Расул ва Абдураб Расули Сайёф ҷараён дорад, то онҳо низ аз ин тим ҳимоят намоянд. Ин дар ҳолест, ки Ашрафғанӣ Аҳмадзай, номзади дувуми пештоз низ аз оғози музокироти тимаш бо номзадҳое, ки орои камтар ба даст оварда буданд, хабар медиҳад.

Муҳаммадзоҳир Заҳир, сухангӯи тими оқои Аҳмадзай ба радиои "Озодӣ" гуфт, "мо ба ҳама номзадҳо ки дар даври аввали интихобот раъйи камтар ба даст овардаанд, дар ҳоли гуфтугӯ ҳастем ва умедворем мебошем, ки дар рӯзҳои оянда шоҳиди омадан ва эъломи ҳимояти онҳо аз тими таҳаввул ва тадовум бошем."

Дар ҳамин ҳол тими Абдураб Расули Сайёф мегӯяд, ки ин тим гуфтугӯҳояшро бо ду номзади пештози интихоботи раёсати ҷумҳури оғоз кардааст, аммо ҳанӯз за ҳеҷ яке аз онҳо ҳимоят накардааст. Фаҳими Кӯҳистонӣ, сухангӯи тими оқои Сайёф ба радиои "Озодӣ" гуфт, пас аз машварат, ҳар як аз ҳар ду тими пештоз ки хостаҳои онҳоро бипазиранд, аз он ҳимоят менамоянд:

"Ҳамроҳи доктор Ашрафғанӣ ҷаноби устод Сайёф боздид кард ва чандин бор доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо устод мулоқот кард. Музокироти мо ҷараён дорад. Мо мебинем ки дар кадом яке аз ин ду тим бештарин хостаҳои мо бароварда мешавад, бидуни шакк аз ҳамон тим ҳимоят хоҳем кард."

Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон рӯзи 26 апрел натиҷаҳои ибтидоии интихоботи президентӣ дар он кишварро эълом кард, ки бар асоси он Абдуллоҳ Абдуллоҳ 44,9 ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай 31 дарсади ороро ба даст оварданд.
XS
SM
MD
LG