Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ганҷина Ашӯрова барои узвият дар Салафия ба зиндон рафт


Додгоҳи вилояти Хатлон Ганҷина Ашӯрова, сокини 30-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва корманди собиқи «Тоҷиксодиротбонк»-ро ба ҷурми пайравӣ аз «Салафия» ба якуним соли зиндон маҳкум кард.

Додгоҳи вилояти Хатлон Ганҷина Ашӯрова, сокини 30-солаи ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ ва корманди собиқи “Тоҷиксодиротбонк”-ро ба ҷурми пайравӣ аз “Салафия” ба якуним соли зиндон маҳкум кардааст. Ганҷина аз камтарин занони тоҷик аст бо ин айб равонаи зиндон мешавад.

Худи ӯ дар додгоҳ гуноҳашро аз рӯи қисми дуи моддаи 304 (эзоҳи 3), яъне “шомил шудан ба гурӯҳи ифротгарои Салафия” қисман эътироф карда ва изҳори пушаймонӣ намудааст. Амиралӣ Рӯзиев, вакили дифои Ганҷина Ашӯрова, рӯзи 1 июл ба Озодӣ гуфт, нафари таҳти ҳимояташ ба далели фарзанди бузург ва таъминкунандаи аслии рӯзгори хонаводаи серфарзанд буданаш аз додгоҳ хостааст, ки ба ӯ раҳм кунад.

Вакили дифоъ гуфт, “ин модда аслан аз 5 то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекунад, вале бо назардошти пушаймонии зерҳимояам ва танҳо зан буданаш дар миёни айбдоршавандаҳо додгоҳ ба ӯ ҷазои сабук раво дид.”

Ганҷина Ашӯрова яке аз аъзои гурӯҳи 21-нафарии гумонбарони узвият дар ҷараёни "Салафия" мебошад, ки дар моҳи феврали соли ҷорӣ дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ​ боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Ганҷина Ашӯрова ҳамроҳ бо шавҳари никоҳиаш Лутфулло Шарифови 29-сола, маъруф бо лақаби “Шайх” ва бародараш Исфандиёр Ашӯров дар як рӯз боздошт шуданд.

5 cокини ноҳияи Ҷалодуддини Балхӣ моҳи май барои узвият дар гурӯҳи "Шайх" ҳукм гирифтанд

5 cокини ноҳияи Ҷалодуддини Балхӣ моҳи май барои узвият дар гурӯҳи "Шайх" ҳукм гирифтанд

Лутфулло Шарифов, ки чун раҳбари раҳбари гурӯҳ шинохта мешуд, ба 13 сол ва Ашӯров ба 3,5 соли зиндон маҳкум шудаанд

Ба гуфтаи мақомот, Ганҷина Ашӯрова, ки духтари соҳибмаълумот ва соҳиби ҷойи кор буд, баъд аз шиносоӣ бо “Шайх” зери таъсири ақидаҳои ӯ монда, гуфтору рафтор ва пӯшиши либосаш тағйир ёфтааст ва ҳатто ба қавли тафтишот ба никоҳи ӯ даромадааст. Вакили дифоъ Амрилалӣ Рӯзиев мегӯяд, “ҷавон СМС-у навори тарғиби ақидаҳои салафӣ мефиристодааст барои ин зан. Ташхис гузаронда шуд ва дар телефону саҳифаҳои интернетиаш навору навиштаҳои тарғиботӣ ошкор гардид.”

Боғигул Раҳмонова, модари Ганҷина ва Исфандиёр, рӯзи якуми июл дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, нияти шикоят аз рӯйи ҳукми додгоҳро надорад. Ӯ аз сӯҳбати бештар дар бораи қазияи духтараш худдорӣ кард. Қаблан ин модар гуфта буд, ин қазия баъди хостгории "Шайх" ба Ганҷина сурат гирифтааст.

Мақомоти ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ мегӯянд, ин аввалин ҳодисаи боздошти як зан бо ҷурми ҳамкорӣ бо “Салафия” буд ва баъи ин ҳодиса корҳои фаҳмондадиҳиро миёни занону духтарон бештар кардаанд.

Дар зимн, як манбаъ аз мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳам гуфт, то имрӯз боздошти занон бо ҷурми узвият дар созмони мамнӯи “Ҳизб-ут-таҳрир” зиёд мушоҳида мешуд, аммо қазияи ҳамкорӣ ва таблиғи ақидаҳои салафӣ аз сӯйи як зан дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳодисаи камназир ва ангуштшумор аст.

Ба гуфтаи Хайрулло Саидов, котиби раиси Маркази исломии Тоҷикистон, пайвастани занон ба гурӯҳҳои мамнӯи мазҳабӣ маъмулан зери таъсири шавҳарони онҳо сурат мегирад. “Онҳоро шавҳару бародарон ташвиқ мекунанд ва ба ин роҳ мебаранд,” – гуфт ӯ. Ба қавли Саидов, фарқи аслии занони пайрави “Салафия” ба фарқ аз мардони ин ҷараён, ки бештар дар зоҳир бо шакли риш, шими кӯтоҳ ва шеваи намозгузорӣ фарқ мекунанд, танҳо дар он будааст, ки “онҳо ниқоб мепӯшанд ва рӯйи худро пурра аз дигарон пинҳон нигоҳ медоранд.”

Ганҷина Ашӯрова хатмкардаи Донишгоҳи ба номи Носири Хусрави шаҳри Қӯрғонтеппа буда, пеш аз боздошташ се соли охир дар шӯъбаи ноҳиявии "Тоҷиксодиротбонк" кор мекард. Ӯ дар гузашта собиқаи кор дар ҳукумат ва идораи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ фаъолият кардааст ва ҳамкорон ӯро чун “як духтари хубу соҳибмаълумот ва дунявӣ” мешинохтанд, ки зери таъсири шавҳар гумроҳ шудааст.

Тоҷикистон соли 2009 фаъолияти пайравони Салафияро манъ ва соли 2014 ин созмонро террористӣ эълон кард.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG