Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари муноқиша миёни ду сарбози Раёсати маҳбасҳои вазорати адлияи Тоҷикистон, яке аз онҳо кушта шудааст.

Раёсати маҳбасҳои вазорати адлияи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки бар асари як муноқиша миёни ду сарбози қисми ҳарбии «6593», яке аз сарбозҳо -- Хуршед Кенҷаев аз тири ҳамхизматаш, кушта шудааст.

Котиботи Раёсати ислоҳии маҳбасҳои вазорати адлияи Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар рӯзи 15-уми апрел ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки ин ҳодиса шаби шанбе ба якшанбе дар постгоҳи назоратии маҳбаси Норак рух додааст, ки дар натиҷа сарбози посбон Хуршед Кенҷаев -- сокини ноҳияи Панҷакент аз тири автомати "Калашников" кушта шудааст.

Ба иттилои ин манбаъ, ду сарбози ин қисми ҳарбӣ ҳангоми назорат дар постгоҳи маҳбаси занонаи Норак бо якдигар баҳс мекунанд, ки дигарӣ ба тарафи Хуршед Кенҷаев оташ мекушояд ва дар натиҷа вай дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Дар бораи сарбозе, ки ба тарафи Хуршед Кенҷаев тирандозӣ кардааст, хабар дода намешавад. Аммо то ҳол сабаби аслии рух додани ин муноқдиша шарҳ дода нашудааст.

Феълан гуруҳи фармондеҳии қисми ҳарбии «6593» ва намояндагони Раёсати ислоҳии вазорати адлияи Тоҷикистон ҳодисаро таҳқиқ доранд. Гуфта мешавад, ки то анҷоми тафтишоти ин ҳодиса, аз ҷузъиёти он хабар дода намешавад.

Тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон чанд сол қабл вақте, ки ихтиёри назорати маҳбасҳои Тоҷикистон аз вазорати корҳои дохилӣ ба вазорати адлия гузашт, қисми ҳарбии хизмати дохилии «6593» низ тобеи ниҳоди дувумӣ шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG