Пайвандҳои дастрасӣ

Дорандаи шоҳҷоизаи "Маликаи хушхиром" аз баҳри саҳнаву рақс гузашт ва мехоҳад рӯ ба таълими насли наврас оварад. Ӯ ҳоло ҳуҷҷатҳои худро тариқи Маркази миллии тестӣ ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб супурдааст.

Дилангез Латифова, барандаи шоҳҷоизаи "Маликаи хушхиром" аз баҳри саҳнаву рақс гузашт ва мехоҳад омӯзгор шавад. Ӯ ҳоло ҳуҷҷатҳои санадҳои худро аз тариқи Маркази миллии тестӣ ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб пешниҳод кардааст.

Дилангез Латифоваи 18-сола дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди пирӯзӣ ва шӯҳрат ёфтан эҳсос кард, ки касби раққосагӣ барои ӯ нест. Ӯ мегӯяд, ки дигар намехоҳад дар рӯи саҳна бошад ва ӯро мардум ҳамчун раққоса бишиносанд. Ба гуфтаи Малика Латифова, баъди озмуни "Маликаи хушхиром" мардум ӯро як раққоса мешинохтанд ва ҳатто бо чашми дигар нигоҳ мекарданд. Ӯ мегӯяд, аз ин рӯ, дигар намехоҳад ин касбро идома диҳад ва аз ин пеша ба куллӣ даст кашидааст.

Дилангез мегӯяд, ки мардум ба раққосаҳо бо чашми дигар менигаранд. "Ҳама фикр мекунад, ки раққоса шудӣ, дигар тамом ва дар роҳ ҳам бинанд, мегӯяд, ки ҳамон раққоса нестӣ ва ҳатто суханҳои пасту баланд низ аз мардум шунидам. Агар мехостам, имконият барои ман бештар буд, аммо касби омӯзгориро интихоб кардам ва мехоҳам ба таълиму тадриси кӯдакон машғул бошам."

Дилафрӯз Латифова.

Дилафрӯз Латифова.

Ҷомеаи як замон озодтари Кӯлоб низ ҳоло зоҳиран муҳофизакор шудааст ва ба интихоби касбҳо низ аз зовияи гуноҳу савоб менигаранд. Аз ин рӯ, баъзе ҳунармандон касбро тарк карда, пешаи дигареро интихоб мекунанд.

Маҳбуба Абдуллоева, модари Дилангез то ду соли пеш раққоса буд ва ҳамроҳи шавҳар дар Қасри фарҳанг кор мекард, аммо у бо мурури замон аз пешаи худ даст кашид ва касби омӯзгориро интихоб кард. Ҳоло модар ба духтараш тавсия додааст, ки аз ӯ пайравӣ кунад.

Хуршед Латифов, падари Дилангез дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки хонаводаи ӯ санъаткор аст ва духтар ва писараш пешаи падару модарро интихоб карданд. Латифов мегӯяд, ки ҳамзараш низ замоне дар саҳна ҳунарнамоӣ мекард, ӯ раққосаи варзида буд ва дар барномаҳои фарҳангӣ дар Эрону кишварҳои муштаракулманофеъ иштирок мекард. "Ҳоло қадру қимати ин касб тамоман аз байн рафтааст ва ҳамсарам низ касбашро ба омӯзгорӣ иваз кард ва дигар онҳо низ намехоҳанд, ки фарзандашон раққоса шавад"- гуфт Хуршед Латифов.

Хуршед Латифов

Хуршед Латифов

"Дилангез аз хурдӣ дар пеши модараш мерақсид ва модараш ин касбро ба ӯ омӯзонд ва бо дуои ман духтарак ном баровард, аммо суханҳои мардум ва беқадр шудани ҳунармандӣ моро маҷбур кард ба ӯ тавсия диҳем, ки омӯзгор шавад. Ӯ то ҷойе муваффақ шуд, ҳамин ҳам кофӣ аст,--гуфт Хуршед Латифов.

Дилангез Латифова имсол мактаби миёнаро хатм мекунад, аммо дар 18 соли ҳаёташ ӯ дар чандин озмунҳо иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол намудааст. Шӯҳратёр шудани Дилангез баъди озмуни "Маликаи хушхиром" буд, ки тариқи телевизиони "Сафина" баргузор мешуд. Аммо баъди гирифтани шоҳҷоиза, дар мавриди ӯ бисёр суханҳо чарх зад ва ҳатто ин овозаҳо то телевизиони "Сафина" расиданд.

Дилангез мегӯяд, дар бораи ӯ овозае панҳн карданд, ки гӯё тӯҳфаи шоҳҷоизаашро фурӯхта бошад. Ба гуфтаи Дилангез Латифова, баъди ин овозаҳо ӯро ба "Сафина" даъват карданд, "то шоҳҷоизаро ҳамроҳам биёрам, то онҳо бовар кунанд, ки ин ҷоизаро нафурӯхтаам."

Зимнан, баъди ин қадар сару садоҳо, хонавода ва Дилангез Латифова тасмим гирифтааст, ки ба куллӣ тарки ин пеша кунанд. Ӯ мегӯяд, ки баъди хатми донишгоҳ танҳо барои омода кардани ҷашну маросимҳои ноҳиявӣ ба шогирдон нозукиҳои рақсро меомӯзонад, аммо ӯ дигар ба ин саҳна бар намегардад ва дар ягон озмун низ иштирок намекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG