Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздикони Меҳровар аз Эмомалӣ Раҳмон кӯмак хостанд


Наздикони Меҳровар Мақсудов, як сарбози тоҷик барои расидагӣ ба қазияи латукӯби ӯ дар артиш, аз президент Эмомалӣ Раҳмон кӯмак хостаанд.

Хонаводаи Меҳровар Мақсудов, як сарбози тоҷик барои расидагӣ ба қазияи латту кӯбаш, аз президенти кишвар кӯмак хостаанд. Пайвандони ин сарбоз, рӯзи шанбеи 26-уми март, ки ҳудудан 20 нафар буданд, ба раисиҷумҳури кишвар бо ариза муроҷиат намуда, хостори таҳқиқи мунсифонаи қазияи латту кӯби Меҳровар шудаанд.

Азиза Асоева, холаи Меҳровар дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо мехоҳанд ҳақ ба ҳақдор бирасад ва ягона умедашон ҳоло ба президент аст: ”Меҳровар ҳоло дар вазъияти хеле бад қарор дорад. Мо сабти овози ӯро дорем, ки мегӯяд, 10 нафар ҳамхизматонаш ӯро латту кӯб кардаанд. Дар ҳоле, ки даст ба чунин кор задаанд, бигузор иқрор шаванд. Ё ҳадди ақал Меҳроварро ба мо бидиҳанд, ки худамон муолиҷа кунем.”

Меҳровар Мақсудов, сарбози қисми низомии 02011-и вазорати дифоъ, аз 22-уми март бо инҷониб дар Бемористони касалиҳои рӯҳии ноҳияи Рудакӣ бистарист. Дар ҳоле, ки пайвандони Меҳровар ҳамхизматонашро дар латту кӯби вай айбдор мекунанд, аммо масъулони қисми низомӣ мегӯянд, ки ӯ ба бемории “сурхакон” гирифтор шуда, рӯҳан ба муолиҷа ниёз дорад.

Меҳровар Мақсудов
Меҳровар Мақсудов

Аз ҷумла Ҷамшед Мақсудов, корманди дафтари матбуоти вазорати дифои Тоҷикистон ҳам дар робита ба ин қазия дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Меҳровар латукӯб нашуда ва дар бадани ӯ “шукуфа” ва ё “сурхакон” пайдо шудааст ва бинобар ҳамин ӯро барои табобат ба беморхонаи ҳарбӣ интиқол доданд.

Аммо тавре Ҷамшед Мақсудов мегӯяд, дар беморхонаи ҳарбӣ дар рафтори Меҳровар ҳаракатҳои ғайримаъмулиро мушоҳида карданд ва бинобар ҳамин ӯро ба Беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ, интиқол доданд. Ба гуфтаи ин масъули вазорати дифоъ, Меҳровар Мақсудов баъди ташхис аз Бемористони рӯҳӣ ба госпитали вазорати дифоъ оварда мешавад.

Аммо ҳамсояҳои Меҳровар, ки ҳамагӣ чанд моҳи пеш довталабона ба хидматӣ ҳарбӣ рафтааст, мегӯянд, ӯ муҳасcили Коллеҷи тарбияи ҷисмонии пойтахт ва ҷавони солим буд. Соҳибҷамол Заҳматова, яке аз ҳамсояҳои хонаводаи Меҳровар Мақсудов гуфт, ”вақте дар моҳи октябр ӯ ба ман гуфт, ки бо хоҳиши худ ба хидмат меравад, ман ҳатто гуфтам, ҳоло ҳаво хунук аст, наравад. Аммо ӯ гӯш накард. Ҳоло бошад модараш гиря мекунад, ки Меҳровар девона шудааст. Дар чунин ҳолат, аз ин пас магар ягон модар розӣ мешавад, ки фарзандаш ба хидмат равад?"

Ба гуфтаи пайвандони Меҳровар, ӯ хизматро дар қисми ҳарбии 02011 Вазорати дифои Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт оғоз намуда ва 24 декабр савганд низ ёд кард. Аммо дар авоили соли ҷорӣ ба хотири сипарӣ кардани давраи таълимӣ, аз Рашт ба қисми низомии 08010 интиқол ёфт.

Таҳмина Асоева
Таҳмина Асоева

Тахмина Асоева, яке аз дигар холаҳои Меҳровар, мегӯяд, ӯ нахустписар ва таъмингари хонавода буд: "Вақте дар Рашт буд, аз аҳволаш пурсон мешудем, мегуфт ҳамааш хуб аст.. Мо тариқи телевизион ва радио шароити хуби хидматро медидему мешунидем, аммо намедонистем ки ӯро ба чунин ҳол мерасонанд.”

Шикояти пайвандон аз латту кӯб шудани Меҳровар Мақсудов ва додхоҳии онҳо аз президенти кишвар дар ҳолест, ки даъвати баҳорӣ ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ чанд рӯз баъд оғоз мешавад. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 март фармон дар бораи даъвати баҳорӣ ба сафи нирӯҳои мусаллаҳ ва ҷавоб додани онҳоеро, ки замони хидматашон ба поён мерасад, имзо кард.

Зимнан, дар ду соли ахир чандин мавриди бадрафтории кӯҳнасарбозон дар баробари аксарони навдаъватшуда дар артиши Тоҷикистон сабт шуда, волидонеро, ки фарзандонашон ба синни аскарӣ расидаанд, нигарон мекунад. Агарчи мақомоти низомӣ бахше аз ин парвандаҳоро то додгоҳ бурда, муҷримонро ба солҳои тӯлонӣ ҳабс карданд ва сӯҳбатҳои тарбиявиро бо аскарон ба роҳ мондаанд, аммо фаъолони ҳуқуқи башар, решакан шудани падидаи меҳтарсолорӣ ё "дедовшина"-ро кори сахт медонанд.

XS
SM
MD
LG