Пайвандҳои дастрасӣ

Як сокини 65 солаи деҳаи Хонаободи минтақаи Кӯлоб, соати 10-и рӯзи 7-уми декабр ҳангоми ҳаракат ба сӯи ноҳияи Ховалинг бо сабаби баста будани роҳ аз сардӣ ҷон бохтааст.

Марди 65-сола, Фазлиддин Асоев, барои ширкат дар ҷанозаи як сокини деҳами Пушти Шаҳид дар ноҳияи Ховалинг мерафт, аммо бо сабаби он ки роҳи Кӯлоб-Ховалинг то соати 12-и рӯзи 7-уми декабр баста буд, вай бо як ҳамроҳаш ду соати дар ҳавои сард монданд. Асоев бар асари сармозадагӣ даргузашт.

Ҷамшед Ҷумъаев, як ронандаи самти Кӯлоб-Ховалинг гуфт: "Ягон мошини сабукрав бинобар тоза нашудани роҳ аз саҳар ба самти Ховалинг ҳаракат накард. Инҳо омада, дар ин ҷо банд мешаванд. То мо расидем, ки аллакай муйсафед кабуд гашта буд. Бо як азоб то дидбонгоҳи БДА, ки ба Ховалинг наздик аст, овардем, вале аллакай дер шуда буд. Мӯйсафед дар назди дидбонгоҳ ҷон дод," -- гуфт, ин шоҳиди ҳодиса.

Дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ховалинг ҳалокати як нафарро дар назди дидбонгоҳи Бозраси Давлатии Автомобилии ин ноҳия тасдиқ карданд. Аммо навбатдори ШКД-и Ховалинг, ки худро Қаландаров муаррифӣ кард, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ҳоло сабаби марги ин шаҳрванд дақиқ нашудааст. Ӯ гуфт, бо эҳтимоли зиёд, ин мард аз сардӣ нафавтидааст: "Шояд ӯ касали дил доштааст. Вақте кормандони мо дар дидбонгоҳ аҳволи ӯро диданд, аз маркази ноҳия пизишконро даъват карданд. Пизишкон расиданд ва то ӯро ҳамроҳ гирифтанд, ки ҳалок шуд. Лекин, ба фикрам, ӯ бемории дил фавтидааст, на ин ки аз сардӣ," -- гуфт, навбатдори ШКД-и Ховалинг.

Ҳалокати ин муйсафед дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки имрӯз, 7-уми декабр ҳаво барфӣ буда, сардии он дар аксар манотиқи Тоҷикистон манфии 1 дараҷа аст. Масофаи миёни Ховалингу Кӯлоб наздик ба 80 километрро ташкил медиҳад. Ин роҳ ҳоло бо сармояи беш аз 2 миллиондолларӣ дар ҳоли бозсозист.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG