Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошиқе аз он сӯи Ому. Чаро ба Усто валади Заурбек бовар накарданд?


Додситонии вилояти Бадахшон алайҳи як ҷавони афғон барои марзшиканӣ ба хотири ишқи як ҷавонзани тоҷик парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Додситонии вилояти Бадахшон алайҳи як ҷавони афғон парванда боз кардааст, ки иддао дорад, ба хотири ишқи як ҷавонзани тоҷик марзшиканӣ карда, ба Тоҷикистон омадааст. Усто валади Заурбек, сокини 25-солаи деҳаи Руботи улусволии Шуғнони Афғонистон, бар асоси моддаи 335-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "убури ғайриқонунии марзи давлатӣ" боздошт шудааст.

Ин ҷавон моҳи октябр дар деҳаи Пастхуфи ноҳияи Рӯшон боздошт шудааст. Дар додситонии вилояти Бадахшон рӯзи 1 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "ин ҷавон дар бозпурсиҳо иқрор кардааст, ки то замони боздошташ панҷ дафъа марзи давлатиро ба хотири дидор бо як ҷавонзан убур кардааст".

Мақомот даст ба кор шуданд

Ҳоло додситонӣ парвандаи ин ҷавон ва як сокини дигари ноҳияи Рӯшонро низ тафтиш мекунад, ки аз марзшикании ӯ огоҳ буда, аммо ба мақомот хабар надодааст. Лутфҳасан Маҳмадҳасанов, раиси ҷамоати Пастхуфи

Шарманда шудам. Охир ин як тӯҳмат ҳаст. Боре ин ҷавонро надидаам ва ҳеҷ муносибате бо ӯ надоштам. Шояд ӯ ба хотири руйпуш кардани ягон ҷинояти дигараш ин тӯҳматро дар ҳақи ман раво дид

ноҳияи Рӯшон ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан, мақомот ин ҳодисаро таҳқиқ доранд. Ӯ гуфт, то ҳол нишондоди ҷавони афғон дар робита ба ангезаи марзшиканиаш таҳқиқ мешавад ва дурустиашро танҳо мақомот метавонанд исбот кунанд. Вай гуфт, ҳодисаи "марзшикании ин ҷавон ва хабар надодани як сокини ин ҷамоат моро нигарон кардааст". Ба гуфтаи ӯ, баъди ин ҳодиса кор бо ҷомеа шурӯъ шудааст ва дар ҳамкорӣ бо сарҳадбонон “масъалаи хатари ҳамкорӣ бо марзшиканҳо ва ҳам зарурати хабар додан ба мақомот аз ҳодисаҳои машкук” шарҳ дода мешавад.

Мақомот инчунин шахсияти ҷавонзанеро маълум кардаанд, ки гӯё бо марди марзшикани афғон мулоқотҳо мекардааст. Ин зан ба саволҳои тафтишот посух медиҳад. Вале худи ӯ мегӯяд, ки аслан ҳеҷ муносибате бо он мард надошт ва ҳамаи ин ҳарфҳо дар ҳақаш тӯҳмате беш нест.

Зани рӯшонӣ: Маро шарманда карданд

Рӯзи 1 ноябр дар як сӯҳбат бо радиои Озодӣ ин зани сокини Рӯшон хост, ки номаш ифшо нашавад, гуфт, ҷавони афғон дар ҳаққаш тӯҳмат кардааст. Ба гуфтаи ӯ, воқеан ҳам ин шаҳрванди Афғонистон дар наздикии манзили зисти онҳо моҳи гузашта боздошт шуд, вале ӯ то замони боздошташ мардро намешинохт ва ҳеҷ гоҳ надида буд. Вай гуфт: “Маро ҳар рӯз мепурсанд. Шарманда шудам. Охир ин як тӯҳмат ҳаст. Боре ин ҷавонро надидаам ва ҳеҷ муносибат бо ӯ надоштам. Шояд ӯ ба хотири руйпуш кардани ягон ҷинояти дигараш ин тӯҳматро дар ҳаққи ман раво дид”, - гуфт ин зан.

Рӯшон як ноҳияи наздимарзии вилояти Худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ аст, ки дар марзи вилояти Бадахшони Афғонистон қарор дорад. Дар тирамоҳу зимистон сатҳи оби рӯдхонаи Панҷ, ки Афғонистону Тоҷикистонро аз ҳам ҷудо мекунад, поин мешавад ва дар ин давра ҳодисаҳои марзшиканӣ бештар ба қайд гирифта мешавад.

"Ҳеҷ марзшикан комёб нашудааст"

Додихудо Сайнаков, раҳбари дастгоҳи ноҳияи Рӯшон мегӯяд, бо поин шудани сатҳи об талоши марзшиканӣ бештар мешавад, аммо марзбонон ҳамеша аз марзшиканӣ ҷилавгирӣ кардаанд. Дар маҷмӯъ дар соли 2015 дар даҳҳо кӯшиши вуруди ғайримуҷоз ба хоки Тоҷикистон 36 шаҳрванди Афғонистон боздошт шудаанд.

1400 км марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон зери назорат аст, вале қочоқчиён аз манотиқи душворназорат убур мекунанд
1400 км марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон зери назорат аст, вале қочоқчиён аз манотиқи душворназорат убур мекунанд

Аксари ин ҳодисаҳо бо кӯшиши қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон рабт мегирад, чун қочоқчиён Тоҷикистонро ба ҳайси кишвари транзитии интиқол ва фурӯши маводи мухаддир истифода мекунанд. Вале дар қазияи “марзшикаи ошиқ” гуфта мешавад, ки ҳеҷ нишонае аз эҳтимоли қочоқ шудани маводи мухаддир ошкор нашудааст ва аз Усто валади Заурбек ба ҷуз як балони мошин, ки ҳамчун василаи обгузарӣ истифода мешуд, чизи бештаре пайдо накардаанд.

Дар сурати дуруст будани иддаои ошиқе аз он сӯи Ому, саволе эҷод мешавад, ки чӣ тавр ин шахс тавонистааст панҷ дафъа бидуни ин ки ба чашми марзбонҳо биафтад, ба соҳили кишвари дигар гузашта бо шахси мавриди назараш мулоқот кунад?

XS
SM
MD
LG