Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мавқеъи кишварҳои поёноб Қазоқистон,Туркманистон ва Узбакистон дар мавриди баҳрабардорӣ ва тақсимоти оби минтақа созгор бо шароити имрӯза нест.

Ҳомидҷон Орифов, сардори идораи илмиву тадқиқотии вазорати саноат ва энергетикаи Тоҷикистон ва яке аз ширкатдорони нишаи мазкур, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, то кунун ин кишварҳо ба масъалаи тақсими об ва истифодаи он дар чаҳорчӯби меъёрҳои муқарраркардаи замони шӯравӣ муносибат мекунанд. Дар ҳоле, ки дар он замон Русия ба хотири таъминоти корхонаҷоти саноати худ бо пахта тақсими обро аз рӯи он, ки реҷаи кадом давлати минтақа бештар мазореъи кишти ин навъи зироатро тавсеа додааст, амал мекард.

Ҳомидҷон Орифов афзуд, албатта чунин тақсими оби минтақа бар суди бархе аз кишварҳо аз ҷумла Туркманистон ва Узбакистон тамом мешуд ва онҳо талош мекарданд майдони кишти пахтаро васеътар кунанд. Аммо дар иваз Тоҷикистон ва Қирғизистон кишварҳои ба истилоҳ соҳиби об то ҳадде бо маҳсулоти нафтӣ таъмин карда мешуданд. Ҳоло ҳеҷ гуна пардохт аз сӯи кишварҳои поёноб сурат намегирад, ин ҳам дар ҳоле, ки истифода ва баҳрабардории аз об мисли пешин боқӣ мондааст.

Оқои Орифов афзуд, кишварҳои поёноб, яъне Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон, аз оби дарёҳои мо фаровон ва ҳатто бештар аз муққарарот истифода мебаранд. Аммо барои хароҷоте, ки Тоҷикистон ҷиҳати нигаҳдории обанборҳо, сарбандҳо, истеҳкоми соҳилҳо ва ғайра мекунад, кӯмак намекунанд. Вай афзуд, сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистон ва ба ин васила моли худ, яъне обро ба пул табдил додан барои ин кишвар як амри табиист.

Аммо Денис Сорокин, як корманди Пажӯҳишгоҳи илмиву тадқиқотии вобаста ба масоили оби Осиёи Марказӣ, мақараш дар Тошканд, бар ин назар аст, ки сохтмони ҳамагуна неругоҳҳои барқи обӣ бидуни ҳамоҳангӣ ва ба назар гирифтани манофеи кишварҳои ҳамҷавор бар зарари минтақа тамом мешавад. Вай гуфт, «ин масъала танҳо марбут ба сохтмони ба неругоҳи Роғун нест. Гуфтанӣ ҳастам, ки вақте як чунин ишооти бузурги нигаҳдории об яъне обанбор бунёд мешавад, ба муҳити зист, ба зиндагӣ ва дар ниҳоят ба мардум таъсир хоҳад гузошт. Ман намегӯям, ки чунин иншоот набояд сохта шавад, вале бояд манофеи ҳамаи кишварҳои истеъмолкунандаи об ба назар гирифта шавад ва иншоот тарзе бунёд шавад, ки фалокат дар пай надошта бошад».

Аммо Яраш Пӯлодов, муовини вазири оби Тоҷикистон, ақидаеро, ки бунёди нерӯгоҳҳои азими барқи обӣ ба муҳити зист таъсир хоҳад гузошт ва резиши табиии об дар баҳри Аралро коҳиш хоҳад дод, бепоя ва асос хонда гуфт, кишварҳои поёон, аз ҷумла Узбакистон аст, ки бо истифодаи номаҳдуди об имкони резиши онро ба Арал коҳиш додааст. Оқои Пӯлодова ҳамчунин бархе аз арқоми ироадоштаи Денис Сорокин - намояндаи Пажӯҳишгоҳи Тошкандро низ ғайривоқеӣ арзёбӣ кард.

Ин дар ҳолест, ки бештари коршиносон мӯътақиданд, бидуни созиши ҳамдигарӣ истифодаи муассир аз захоири оби минтақа ва дар ин замина иҷрои тарҳҳои энержӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ паёмадҳои номатлубе ба дунбол хоҳад дошт. Аммо Ҳомидҷон Орифов, сардори идораи илмиву тадқиқотии вазорати саноат ва энергетикаи Тоҷикистон, бар ин бовар аст, ки Тоҷикистон бо ҷалби ҳарҷи бештари таваҷҷӯҳи ҷомеаи байнулмилалӣ ҳаққ ва ҳуқуқи худро барои истифодаи об метавонад ба даст оварад. Зеро об мол аст ва тақозо кардани маблағ бар ивази мол яъне обро конвенсиюнҳои байнулмилалӣ низ пешбинӣ кардаанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG