Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазири хориҷаи Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ зимни боздиди ахираш аз Теҳрон аз ҳамтои эронии худ Манучеҳри Мутаккӣ хостааст, мақомоти эронӣ дар амри ба Тоҷикистон баргардонидани толибилмони тоҷике, ки дар мадрасаҳои Эрон ба сурати ғайрирасмӣ таҳсил мекунанд, мусоидат кунанд.

Ин дархости Душанбе аз мақомоти Эрон дар ҳолест, ки ахиран ҳудуди 130 шаҳрванди Тоҷикистон, бо шумули донишҷӯён ва аҳли хонаводаи онҳо, тавассути ҳавопаймо аз Миср ба Душанбе оварда шуданд.

Раванди бозгардони толибилмони тоҷик аз мадрасаҳои хориҷӣ аз поёни моҳи август, дар пайи як суханронии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ шуд, ки аз волидайн аз ин мадрасаҳо баргардондани фарзандонашонро тақозо карда буд. Аммо онҳоеро, ки бармегарданд, дар ватан чӣ интизор аст?

АКНУН НАВБАТИ ЭРОН ШУД

Ба дунболи Миср, мақомоти Душанбе акнун дидаи таваҷҷӯҳ ба сӯи толибилмони тоҷике дӯхтаанд, ки дар мадориси Эрон ғайрирасмӣ таҳсили дин мекунанд. Вазири хориҷаи Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ ахиран дар Теҳрон аз мақомоти он кишвар хост, то дар амри ба Тоҷикистон пас овардани чунин донишҷӯён мусоидат кунанд.

Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати хориҷа ба Радиои Озодӣ гуфт, айни гуфтугӯҳову тадорукот бо мақомоти кишварҳои дигари исломӣ низ матраҳ буда, раванди ба ватан баргардонидани донишҷӯён ҳамчунон идома хоҳад ёфт. Ӯ афзуд: “Мо муқобили хориҷа рафтани онҳо нестем, лекин онҳо минбаъд куҷое мераванд, бояд сафари онҳо як реҷаи дуруст шакл бигирад, ки ҳам барои худи онҳо ва ҳам умуман барои Тоҷикистон фардо ё баъди чанд сол ягон мушкилӣ эҷод накунад.”

2000 ДОНИШҶӮ ДАР КИШВАРҲОИ ИСЛОМӢ

Раҷабалӣ Сангов, мудири бахши рушди таҳсилоти байналмилалии вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, як шумори дақиқи донишҷӯёни тоҷик дар кишварҳои исломӣ дастрас нест, вале оморҳои дарёфтии ин вазорат ҳокист, ки дар ҳоли ҳозир беш аз 2000 толибилми тоҷик дар ин кишварҳо таҳсил мекунанд.

Вале оқои Сангов мегӯяд, масъалаи овардани ҳамаи ин афрод матраҳ нест, балки сухан танҳо дар бораи онҳое меравад, ки бо роҳҳои ғайрирасмӣ ба таҳсил рафтаанд. Ба гуфтаи ӯ, иддае аз толибилмони тоҷик дар хориҷа дар мадрасаҳое таҳсил мекунанд, ки аз назорати вазоратҳои маорифи ин кишварҳо берунанд. Оқои Сангов меафзояд: "Онҳо акнун мувофиқи ихтисосе ки доранд, дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон бо дарназардошти хоҳиши худи онҳо ба идомаи таҳсил ба омӯзиш фаро гирифта хоҳанд шуд. “

БОЗГАШТИ 130 НАФАР АЗ МИСР

Бо ин ҳол, бозгашти ҳудуди 130 донишҷӯи тоҷик ва аҳли хонаводаи онҳо аз Миср, дар ҷомиа сарусадоҳои мухталифе бапо карда, волидайни бархе аз онҳое, ки фарзандонаш дар хориҷ улуми динӣ меомӯзанд, акнун ҳар рӯз ба фурудгоҳи Душанбе мерезанд, ки оё ҷигарбанди онҳо низ баргашта ё хайр.

Гулбаҳор, ки бо хабарнигорон дар фурудгоҳ сӯҳбат мекард, гуфт, ба духтари ӯ ҳам, ки дар маркази Фаҷри донишгоҳи Ал-Азҳар таҳсил мекард, амр шудааст, ки баргардад: “Духтари ман як сол боз дар Азҳари Шариф мехонд. Фармон ки баромад, гуфтанд, ки донишҷӯёни хориҷа бояд дар ватани худашон таҳсил кунанд. Акнун омада истодаанд. Мо пуле барои хондани ӯ надодаем, чипта гирифту рафт.”

Бобои Салмон, як дигар аз волидайни чашмбароҳ мегӯяд, писараш қорӣ Ҳимматуллоҳ дувуним сол боз дар Ал-Азҳар таҳсил дошт, вале ба дунболи пас фиристодани зану фарзандонаш ӯ ҳам акнун дар садади бозгашт ба Тоҷикистон шудааст. Ба эътиқоди Бобои Салмон, ҳукумат набояд ҳамаро ба як ченак ҳисоб кунад ва бояд мадрасаҳои мӯътадилу мӯътабаре, чун Ал-Азҳарро аз макотиби тундгарои мазҳабӣ ҷудо мекард. Ӯ мегӯяд: “Дар онҷо онҳо тафсири Қуръон мехонанд, забонҳои арабиву англисӣ меомӯзанд, компутар. Илми исломиро меомӯзанд барои тарбияи насли наврас, барои инсон будан.”


Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср
АММО ДАР МИСР ЧӢ МЕГУЗАРАД?

Ба ҳисоби консулгарии Тоҷикистон дар Қоҳира, ба дунболи пас фиристодани он 130 нафар дастикам 200 тоҷики дигар дар Миср боқӣ мемонанд, ки аксаран дар пойтахт, Қоҳира ва бахше ҳам дар шаҳри бандарии Искандария дарс мегиранд.

Руқия, як зани тоҷик, ки ҳамроҳ бо 4 фарзандаш дар Қоҳира ба сар мебарад, мегӯяд, хонаводаҳои тоҷики муқими Миср дар ташвишанд, ки ҳамаи онҳоро иҷборан бар хоҳанд гардонд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Руқия, духтари калонии ӯ имсол мехост имтиҳони синфҳои 10-у 11-и мактаби миёнаи арабиро дар Қоҳира ба таври экстерн супурда, номаи камол бигирад. Ӯ меафзояд: “Як қисмро фиристоданду мо ҳанӯз нишастаем. Мегӯянд, ки то 20-уми моҳи ноябр бояд биравем. Мегӯянд, одамони рафтагиро хеле ғам додаанд, 7 соат дар фурудгоҳ манъашон кардаанд. Киро намефорад ватан? Ҳамаро мефорад, вале маҷбурӣ, ки бурданд, мардум бо гиряву нола рафтанд. Дар онҷо аҳли хонаводаҳояшонро ғам доданд, ки кӯдаконатонро биёред.”

Аммо Муҳаммадӣ Музаффаров, консули Тоҷикистон дар Миср ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳудуди 130 нафаре ки рӯзи 8 ноябр ба Душанбе баргаштанд, онҳое буданд, ки ихтиёран хоҳиши бозгашт ба Тоҷикистонро карда, ба ин манзур, худро дар сафорат номнавис ҳам карданд. Оқои Музаффаров гуфт, ҳавопаймое, ки зоирони тоҷикро ба Ҳаҷҷ оварда буд, ба хотири бурдани ин афрод ба Қоҳира омад. Ӯ афзуд, аммо масъалаи иҷборан баргардондани касе то ҳол матраҳ нашудааст.

ТАЪРИХЧАИ ҚАЗИЯ

Дар поёни моҳи август раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як суханрониаш бо чунин ҳушдор, ки толибилмони тоҷик дар мадрасаҳои хориҷӣ ба гурӯҳҳои тундраву ҳатто террорист мегароянд, аз волидайн хост, то фарзандони худро баргардонанд.

Муҳаммад Иброҳимов, мудири кафедраи диншиносии Донишкадаи исломии Тоҷикистон мегӯяд, эҳтимоли ба равияҳои ғайрисуннативу тундгарои мазҳабӣ гароидани онҳое, ки дар хориҷ таҳсили дин мегиранд, бештар аст ва аз ин лиҳоз бозгардонидани онҳо ба ватан холӣ аз фоида нест: “Дар баъзе кишварҳои исломӣ шояд марказҳои таълимие ҳастанд, ки манбаъҳои омӯзишии онҳо ба тундгароӣ, ба ифротгароӣ ташвиқ мекунанд. Аз ин назарҳо, хуб аст, ки ин ҷавонон дар Тоҷикистон таҳсили худро идома диҳанд.”

Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ, мегӯяд, мақомот барои богашти толибилмон аз фишороварӣ кор мегиранд
ТАМҒА БА ПЕШОНӢ

Аммо Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ мегӯяд, маъракаи ба дунболи ин изҳорот роҳандозишуда, ба таъбири маъруф, ба ҷойи салла калла оварданро мемонад ва мақомот ба хотири таъмини бозгашти ин толибилмон аз васоиле, чун фишор ба волидайни онҳо фаровон кор мебаранд.

Оқои Ҳусайнӣ мегӯяд, шояд фисади хеле ночизе аз толибилмони мадориси хориҷӣ ба равияҳои ифротӣ бигароянд, вале ҳоло ба пешонии кулли ин мардум ҳамон як тамғаи тундравиро мезананд. Дар ҳоле, ки афзуд ӯ, ҳатто муфтии ҷадиди Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ҳам, қарори маълум, фориғултаҳсили Покистон аст. Саидумар Ҳусайнӣ мегӯяд:

“Онҳоеро дорем, ки дар Арабистони Саудӣ таҳсил карда, беҳтарин тарҷумонҳои моянд. Бачаҳое, ки аз донишгоҳҳои Теҳрону худи ҳамон Покистон бархостаанд, бисёр шахсиятҳои фаъолу коргаранд ва ҳатто дар Академияи улуму маркази таҳқиқоти стротегӣ кори хубу сазоворе мекунанд. Ба як тамға ба пешонии ҳамаи инҳо задан мантиқӣ ҳам набуд. “

НИГАРОНӢАЗ КАДОМ НОҲИЯ БАРМЕХЕЗАД?

Ба бовари Саидумар Ҳусайнӣ, чунин тамғазаниҳо ба мадориси мӯътабаре, чун Ал-Азҳар, метавонад ба равобити Душанбе бо кишварҳои исломӣ ҳам латма бизанад.

Ва аммо Муҳаммадӣ Музаффаров, консули Тоҷикистон дар Қоҳира мегӯяд, аз Миср ба Душанбе бурдани толибилмони тоҷик бештар ба масъалаи танзими таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар мадориси хориҷӣ бастагӣ дорад, то ба нигарониҳои амниятии Душанбе аз эҳтимоли гароидани ин афрод ба гурӯҳҳои тундраву ифротӣ. Ӯ меафзояд: “Азҳар ва ҳамаи донишгоҳҳои Миср мӯътадиланд ва ҳеҷ ҷои нигаронӣ ҳам нест. Лекин як чизи дигар ҳаст, ки Тоҷикистон давлати хурд аст ва як суол ба миён меояд, ки оё мо ба ин миқдор мутахассиси соҳаи дин эҳтиёҷ дорем?”

ТОЛИБИЛМОНРО ДАР ПЕШ ЧӢ ИСТОДААСТ?

Оё афродеро, ки бармегарданд, дар Тоҷикистон чӣ мунтазир аст ва чӣ замонатҳое ба онҳо дода мешавад? Муҳаммадӣ Музаффаров мегӯяд, замонати мушаххасе ба толибилмони баргашта дода нашудааст, ки ҳатман дар донишкадаҳои динии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта хоҳанд шуд.

Умаралӣ Назаров, ректори донишкадаи исломии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо кӯшиш хоҳанд кард, ки касе аз ин толибилмон дур аз таҳсилу аз мактаб намонад, вале бо дарназардошти имконот ва гунҷоиши ин донишкада: “То он миқдоре, ки мо метавонем, албатта, мусоидат мекунем, ки улуми диниро дар доираи нақшаву барномаҳои таълимие, ки дар доираи мазҳаби Имоми Аъзам Абӯҳанифа тадрис мешавад, фарзандони азизамон дар ҳамин ҷо таҳсил бигиранд. Марҳамат, даргоҳи донишкадаи исломии Тоҷикистон ҳамасола боз аст.”

Аммо Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар парлумони Тоҷикистон мегӯяд, ин донишкада амалан тавони гунҷонидани ҳамаи онҳоеро, ки бармегарданд, надорад. Оқои Ҳусайнӣ дар чунин шароит ифтитоҳи мадориси бештари мазҳабӣ дар дохили кишварро зарур медонад.

ИМКОНИ БОЗГАШТ БА МИСР

Муҳаммад Иброҳимов, устоди донишкадаи исломии Тоҷикистон низ дар лобалои ин маърака аз идомаи таҳсил мондани бархе аз донишҷӯёни аз кишварҳои исломӣ баргаштаро сарфи назар намекунад. Вале Муҳаммадӣ Музаффаров, консули Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб мегӯяд, бо мақомоти Қоҳира гуфтугӯҳое идома доранд, ки ироаи квотаҳои расмӣ барои донишҷӯёни тоҷик дар макотиби олии Мисрро дар назар дорад. Оқои Музаффаров гуфт, дар чунин сурат, таҳсили атбоъи тоҷик дар мактабҳои Миср ба таври муназзам ва шояд ҳатто дар ҳаҷми бамаротиб бузургтаре ба роҳ андохта шавад:

“Мехостем, ки донишҷӯёни мо, ҳатто агар дар Азҳар ҳам бихонанд, дар баробари дин ягон тахассуси дигари барои Тоҷикистон зарурро ҳам бигиранд. Ва ҷониби Миср омода ҳаст, ки дар ин масъала ба мо мусоидат кунад. Ҳукумати Миср омода ҳаст, барои зиёда аз 100 донишгоҳаш ба Тоҷикистон квотаҳо ҷудо кунад. Аммо ин вақт мехоҳад, барномарезӣ мехоҳад.”

ВА БОЗ ҲАМ САТР…

Масъалаи дигар боз ҳам манъи ҳузури боҳиҷоби духтарон дар макотиби миёнаву олии Тоҷикистон аст, ки як далели ба таҳсил дар кишварҳои исломӣ бартарӣ додани ҷамъи бузурге аз духтарони диндори тоҷик арзёбӣ мешавад. Руқия, ки дар Қоҳира ба сар мебарад, мегӯяд, як сабаби ба ин кишвар паноҳ бурдани ӯву духтаронаш ҳам манъ шудани сатр буд: “Бисёриҳо ба хотири ҳифзи сатр инҷо меоянд. Духтароне ҳастанд, ки мегӯянд, онҳоро дар донишгоҳҳои Тоҷикистон рӯймол бастанро манъ карданд ва онҳо роҳи идомаи таҳсилро дар Миср дидаанд.”

Хонум Руқия мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон бояд ҳадди ақал дастури манъи ҳузури боҳиҷоби духтарон дар мактабҳои ин кишварро бозбинӣ кунанд, то дили онҳо барои бозгашт ба ватан гармтар шавад.

Саидумар Ҳусайнӣ аз ҲНИ низ таъсири ин омил дар афзоиши суфуфи духтарони толибилм дар мадориси хориҷиро радд намекунад, вале мегӯяд, ки онҳо ба духтароне, ки ба хотири ҳиҷоб аз идомаи таҳсил даст мекашанд, тавсия додаанд, ки азбаскӣ гирифтани ҳиҷоб амри иҷборист, сатри худро бикашанд, вале набояд даст аз идомаи таҳсил бишӯянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG