Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар нишасти Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Душанбе ҳамаи сарвазирон, ба истиснои Узбакистон ва Қирғизистон ширкат хоҳанд кард. Аз ҷониби Ӯзбакистон дар нишаст муовини сарвазир, вале аз Қирғизистон раисиҷумҳур Роза Отунбоева ҳузур хоҳанд дошт.


Давлат Назриев, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, гуфт, Душанбе барои баргузории ин ҷаласа комилан омода аст ва ҳамаи тадбирҳо ҷиҳати анҷоми бомуваффақи кори он рӯи даст гирифта шудааст.

Омодагиҳо барои мулоқот бо Путин

Ҳамин манбаъ афзуд, ки дар ҳошияи ин нишаст мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазирони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, аз ҷумла Владимир Путин - сарвазири Русия, дар назар дошта шудааст.

Аммо дар маҳфилҳо ва доираҳои коршиносии Тоҷикистон бештар интизори онанд, ки дар ҷараёни ҷаласаи мазкур мушкилот ва монеаҳои мавҷуд дар равобити Тоҷикистон ва Русия, ки вақтҳои ахир дар бораи он хеле зиёд гуфта мешавад, роҳи ҳал пайдо кунад. Ин дар ҳолест, ки сарвазири Русия Владимир Путин дар мақомоти раҳбарии ин кишвар нуфуз ва мавқеи ҳалкунанда дорад.

Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, аз ҷаласаи мазкур кадом таҳаввули фавқуллода дар равобити Тоҷикистон ва Русияро интизор нест. Ба ақидаи Шарифов, ҳарду кишвар дар ҳоли ҳозир равобити қаноатбахши ҳамкорӣ доранд, вале барои боз ҳам густариш ва таҳким бахшидан ба ин муносибатҳо заминаҳои ҳамкорӣ вуҷуд дорад. Аммо, мегӯяд оқои Шарифов, набояд ин равобит қурбони аҳдофи геополитика қарор бигирад.

Саймиддин Дӯстов, масъули созмони ҷамъиятии «Индем» дар шаҳри Душанбе, мӯътақид аст, ки ҳузур ва ширкати Владимир Путин, сарвазири Русия, дар ин нишаст ба бисёре аз суолҳои пешомада миёни Тоҷикистон ва Русия посух хоҳад дод. Ӯ мегӯяд, ин посухҳо мусбат ва ё манфӣ мешаванд - як тарафи масъала, вале рӯшании муносибатҳо тарафи дигари масъала аст, ки ба ин нишаст вобастагӣ хоҳад дошт.

Тарҳи санадҳои нави ҳамкорӣ бо Чину Қазоқистон

Дар нишасти Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой як нуктаи дигари муҳим таъйиди буҷа барои соли 2011 аст, ки бештари маблағҳои он аз сӯи Чин пардохта мешавад. Зимнан Вэн Ҷиабао ва Карим Масимов, сарвазирони Чину Қазоқистон, дар ин рӯзҳо дар Тоҷикистон сафари расмӣ низ анҷом хоҳанд дод.

Гуфта мешавад дар доираи ин сафар чанд санади ҳамкорӣ миёни ин кишварҳо бо Тоҷикистон имзо хоҳад шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Чин аз сармоягузорони асосии иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб рафта ва дар ин созмони минтақаӣ низ нақши калидиро мебозад.

Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар соли 2001 ташкил шуда ва дар он Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон Тоҷикистон ва Ӯзбакмстон шомил астанд. Кишварҳои Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва Муғулистон ба унвони нозир дар ҷаласаҳои ин созмон ширкат мекунанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG