Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Белорус монеи тазоҳуроти мухолифон шуд


Пулис рӯзи 25-уми март садҳо нафарро зимни тазоҳурот дастгир кард.
Пулис рӯзи 25-уми март садҳо нафарро зимни тазоҳурот дастгир кард.

Ҳузури зиёди маъмурони пулис дар Минск нагузошт, тазоҳургарон дар маркази пойтахти Ҷумҳурии Белорус ҷамъ омада ва ба зидди ҳукумат эътироз кунанд. Даҳҳо нафареро, ки рӯзи 26-уми март дар маркази Минск дар майдони Октябр ҷамъ омаданд, пулис дастгир кард.

Аз ин пештар дар рӯзи 25-уми март, маъмурони пулиси Белорус садҳо нафарро зимни тазоҳурот дар Минск дастгир карданд ва бисёре аз онҳоро заданд. Мухолифони давлати Белорус аз тарафдоронашон хоста буданд, ки ба майдонҳо баромада эътироз кунанд, вале нерӯҳои пулиси зиддиюриш нагузоштанд, ки онҳо гирди ҳам оянд.

Татяна Ревяко, узви созмони ҳомии ҳуқуқ бо номи Весна гуфт, рӯзи 25-уми март маъмурони пулис 700 нафар аз тазоҳургарони зидди ҳукуматиро дастгир кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, бисёре аз боздоштшудаҳоро латукӯб кардаанд ва онҳо ба ёрии тиббӣ эҳтиёҷ доранд. Иттиҳодияи хабарнигорони Белорус мегӯяд, 20 хабарнигор низ дастгир шудаанд. Ба гуфтаи Татяна Ревяко аксари боздоштшудагонро субҳи 26-уми март озод кардаанд, вале маълум нест, чанд нафар дар боздоштгоҳ мондаанд.

Иттиҳодияи Аврупо ва ҳукумати Амрико аз мақомоти Белорус хостанд, ки тазоҳургаронро раҳо кунад. Мардум дар Минск ба зидди қонун ба ном дар бораи “муфтхӯрӣ” эътироз доштанд, ки бар асоси он бояд афроде, ки дар як сол камтар аз 6 моҳ кор мекунанд, бештар аз 250 доллар молиёти “бекорӣ” пардозанд.

XS
SM
MD
LG