Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишгоҳи ороишот дар Душанбе


Дар арафаи иди занон - 8 март дар шаҳри Душанбе як намоишгоҳ таҳти унвони «Косметика-2008» кушода шуд.

Ин намоишгоҳ бо ибтикори Палатаи савдо ва саноъати Тоҷикистон ва ширкати байнулмилалии «Гроу-Интернешнл» созмон ёфтааст, ки дар он чандин ширкатҳои хориҷӣ ва дохилӣ маҳсулоти атриёт ва ҷавоҳироти занонаву кудаконаро ба маърази тамошо ва фуруш гузоштанд.

Бахши аъзами ҳозирини маросимии ифтитоҳи намоишгоҳи «Косметика-2008», ки дар коҳи Борбади пойтахт сурат гирифт, занону духтарон буданд. Бино ба гуфтаи таъсисдиҳандагони ин намоишгоҳи байнулмиллӣ, ки ба рӯзи иди занон бахшида шудааст, он ҳамчун дастовезе ба занону духтарони тоҷик дар арафаи идашон будааст.

Одил Сангов, муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноъати Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи мазбур гуфт, кушиш кардаанд, ки маҳсулоти беҳтаринро аз қабили атру упо, шомпун, кремҳои мухталиф ва ҷавоҳироти сохти беҳтарин, аммо бо нархҳои на он қадар гаронро ба занону духтарони тоҷик пешкаш кунанд.

Дар намоишгоҳ инчунин маҳсулоте ба монанди атру кремҳо ва ашёи тиббӣ барои нигоҳубини пусти рӯй ва бадани кудакон низ ба маърази тамошо ва фуруш гузошта шуда буд, ки асари онҳро ширкатҳои хориҷӣ овардаанд.

Масъуди Муҳаммадпур, намояндаи ширкати байнулмилалии «Гроу–Интернешнл», гуфт, аксари маҳсулоти ба ин намоишгоҳ овардаи онҳо дар ҳамкорй бо ширкатҳои бонуфузи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Фаронса ва Конодо, таҳия ва истеҳсол шудааст.

Ва аммо зимни суҳбат бо ҳозирини намоишгоҳ рушан гашт, ки нарху навои атриёту ҷавоҳироте, ки дар ин намоишгоҳ гузошта шудааст, мувофиқи ҷайби бахши аъзами бинандагони он набудааст. Нархи атриёту ҷавоҳирот дар ин намоишгоҳ аз 30 то 100 сомонӣ, ки муодили тақрибан 25-30 доллари амрикой мебошад, дар бар мегирад.

Як аз мусоҳибони мо, ки худро Салим муаррифӣ кард ва намунаи камшумори мардҳои бинандаи намоишгоҳи «Ороишот-2008» буд, гуфт бисёр мехоҳад дар рӯзи иди занон барои ҳамсараш ягон туҳфаи хубе аз қабили атр ё ҷавоҳирот харидорӣ кунад, аммо нархи онҳо барои ӯ хеле гарон аст.

Бино ба иттиллои Палатаи савдо ва саноъати Тоҷикистон, намоишгоҳи «Косметика-2008» то 8 матр идома хоҳад ёфт. Ва қарор аст инчунин дар рӯзҳои иди Наврӯз низ намоишгоҳи мазбур дар пойтахт маҳсулоти худро ба маъраз гузорад.

XS
SM
MD
LG