Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистон: ихтилофи сиёсӣ, ё маҳалгароӣ?


Эътирози мухолифин дар Ереван даҳҳо рӯз идома кард ва бо хун анҷомид
Эътирози мухолифин дар Ереван даҳҳо рӯз идома кард ва бо хун анҷомид

Интихоби президенти Арманистон ва эътирозҳои хунин дар паи он дар байни сиёсатмадорону соҳибкорони ин кишвар ихтилофи назар ба бор овардааст.

Мухолифини президенти феълии Арманистон Роберт Кочарян ва раисҷумҳури мунтахаби ин кишвар Серж Саркисян мегӯянд, ки аз ҳукуматдории ду нафари ёдшуда як тоифаи ҳамшаҳриҳояшон аз Қарабоғи кӯҳӣ нафъ бардоштаву боқимондаи Арманистон азият кашидааст.

Ибтидои солҳои навадуми қарни гузашта, аввалин раисҷумҳури Арманистони тозаистиқлол Левон Тер-Петросян пешвоёни Қарабоғи кӯҳиро ба ҳукуматаш шомил намуд. Имрӯз раҳбари мухолифин Тер-Петросян бузургтарин мунаққиди тоифаи қарабоғиҳо мебошад. Ба қавли номбурда, қарабоғиҳо ва ба вижа Кочаряну Саркисян, дороии кишварро ба яғмо бурда, иқтисодро валангор ва демократияро зери по кардаанд.

Президенти кунунии Арманистон Кочарян ва сарвазири ин кишвар Серж Саркисян, ки дар интихоботи президентии 19 феврал Тер-Петросянро ноком кард, зодаи минтақаи Қарабоғи кӯҳии Озарбойҷон ҳастанд. Бокуву Ереван дар байни солҳои 1988-1994 барои назорати ин устон ҷанг кардаанд. Ҳоло Қарабоғи кӯҳӣ таҳти тасарруфи Арманистон аст.

Тер-Петросян мегӯяд, дар давоми даҳ соли гузашта Кочаряну Саркисян 15 ҳазор нафарро аз Қарабоғ ба Арманистон оварда, соҳиби мақоми баланди иҷтимоӣ кардаанд.

Шореҳон мегӯянд, интихоботи ахири президенти Арманистон ихтилоф миёни арманиҳои зодаи Арманистон ва арманиҳои Қарабоғро ошкортар кардааст. Степан Григорян, сиёсатшиноси муқими Ереван, мегӯяд, Роберт Кочарян мардуми зиёдро аз Қарабоғ бо худ оварда, ба мансабҳои баланди ҳукуматӣ таъйин кард, ки боиси эҳсоси манфӣ нисбати онҳо гардид.

Роберт Кочарян, собиқ фармондеҳи дастаҳои қарабоғӣ, пас аз раисҷумҳури Арманистон шуданаш мансабҳои баландро аксаран дар байни қарабоғиҳо тақсим кардааст

Соли 1994 вақте озариҳову арманиҳо ба оташбас мувофиқат карданд, назорати Қарабоғи кӯҳӣ дар дасти арманиҳо буд, вале ин пирӯзӣ бо нархи гарон ба даст омад, зеро марзи Арманистон бо Озарбойҷону Туркия баста шуд. Дар солҳои раёсатҷумҳуриаш Тер-Петросян Кочаряну Саркисян - фармондеҳони гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷудоихоҳони арманиро аз Қарабоғ ба Арманистон оварда, ба вазифаҳои ҳалкунандаи давлатӣ пешбарӣ карда буд. Баъд Тер-Петросян аз ин иқдомаш хеле мутаассиф ҳам шуд.

Моҳи феврали соли 1998 вақте Тер-Петросян мехост бо Озарбойҷон созиши Қарабоғи кӯҳиро ба имзо расонад, ӯро аз курсии президент барканор намуданду дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ Кочарян пирӯз шуд.

Ором Абрамян, муҳаррири нашрияи "Аравот"-и чопи Ереван, ки худ зодаи Қарабоғи кӯҳӣ мебошад, мегӯяд, Кочаряну Саркисян назорати давлату тиҷоратро ба ҳаммаҳалҳояшон додаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар Арманистон 20-30 оилаи олигарх мавҷуд аст, ки ба шарофати имконоти аз тарафи мақомот тақдимшуда сарвати зиёд ҷамъ кардаанд ва онҳо аксаран қарабоғӣ мебошанд.

Аз ҷумла яке аз онҳо писари президент Кочарян – Седрак номида мешавад, ки вуруди телефонҳои мобилро дар ихтиёр дорад. Шореҳ Абрамян мегӯяд, идомаи низои Қарабоғи кӯҳӣ ва марзҳои баста бо Озарбойҷону Туркия ба нафъи ин олигархҳо мебошад. Шореҳ Григорян ин ақидаро тасдиқ намуда, меафзояд, маҳз аз ҳамин сабаб соҳибкорони хурду миёнаи Арманистон аз Тер-Петросян, раҳбари мухолифин, пуштибонӣ мекунанд.

Бар илова гуфта мешавад, ки қарабоғиҳо бештар ба Русия таваҷҷӯҳ дошта, сӯҳбат бо забони русиро тарҷеҳ медиҳанд. Таваҷҷӯҳи онҳо ба дин ҳам нисбат ба арманиҳои Арманистон камтар будааст. Мухолифинро асосан ду нафар, яъне Кочаряну Саркисян, ба ғазаб овардаанд, ки дар даҳ соли гузашта даҳҳо зодаи Қарабоғи кӯҳӣ, аз ҷумла хешовандону наздикони худро соҳиби курсиҳои ҳукумат ва ё тиҷорати сердаромад кардаанд.

XS
SM
MD
LG