Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ереван вазъи фавқулода эълон шуд


Дар натиҷаи бархурд бо пулис мухолифин дар ба бетартибиҳо заданд

Дар натиҷаи бархурд бо пулис мухолифин дар ба бетартибиҳо заданд

Раисҷумҳури Арманистон Роберт Кочaрян пас аз задухурди пулис бо мухолифин дар Ереван вазъи фавқулъодда ҷорӣ кард.

Ба иттилоъи маркази матбуотии раёсати ҷумҳурии Арманистон, вазъи фавқулъодда дар ин кишвар то 20 март идома хоҳад кард. Субҳи рӯзи шанбе намояндагони пулис ҳазорон гирдиҳамомадагони мухолифинро, ки барои нишони эътироз аз натоиҷи интихоботи ахирии раёсати ҷумҳурии ин кишвар дар маркази шаҳри Ереван ҷамъ омада буданд, бо истифода аз калтаку гази ашковар пароканда намуданд.

Дар натиҷаи бархурди неруҳои пулис бо эътирозгарони оппозитсиюн даҳҳо нафар, аз ҷумла намояндагони пулис, захм бардоштанд. Раҳбари мухолифин ва намоиши эътирозии мазкур Левон Тер-Петросян ба ҳабси хонагӣ гирифта шуда пайравони ӯ боздошт гардиданд.

Пас аз ин ҳодиса даҳҳо ҳазор ҷонибдорони мухолифин дубора даст ба гирдиҳамоӣ заданд. Давлати Арманистон маҷбур гардид барои ҷилавгирӣ аз мухолифин неруҳои зиёди низомиро ба маҳалли гирдиҳамоӣ кашад, ки ин боиси боз як бархурд байни эътирозгарон ва низомиён гашт.

Бино ба иттилоъи иддае аз хабаргузориҳо, дар пайи задухӯрди пулис бо тазоҳургарони мухолифини арманӣ шаби гузашта 8 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ҳамзамон Созмони ҳамният ва ҳамкории Аврупо ҳукумати Арманистонро барои истифода аз низомиён дар баробари эътирозгарон интиқод кардааст ва ҷонибҳоро ба гуфтугу даъват намудааст. Иттиҳоди Аврупо аз ҳукумати Арманистон хостааст, то раҳбари мухолифин Тер-Петросянро аз ҳабси хонагӣ озод кунад.

XS
SM
MD
LG