Пайвандҳои дастрасӣ

Раисҷумҳури феълии Арманистон Роберт Кочарян, пирӯзи интихоботи раёсатҷумҳурӣ Серж Саркисянро табрик гуфт.

Кумиссиюни марказии интихоботи ин кишвар субҳи чоршанбе хабар дод, бар асоси шумориши сад дар сади оро, Серж Саркисиён, номзади ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳ ва сарвазири кунунӣ қариб 53 дарсади ороро соҳиб шудааст ва аз ин рӯ, зарурати баргузории даври дуввум аз байн меравад.

Бар асоси натоиҷи эълоншуда, рақиби аслии Саркисиён дар интихоботи рӯзи 19 феврал Левон Тер-Петросиён, ки дар солҳои навадум ду давра раисиҷумҳури Арманистон буд, танҳо ба 21,5 дарсади оро даст ёфтааст. Раҳбари собиқи парлумони Арманистон Артур Боғдасариён, ҳамин тавр, бо касби наздики 17 дарсади раъйи мардум, дар сабқати байни дар маҷмӯъ 9 номзад сазовори мақоми севвум шудааст.

Раисиҷумҳури феълии Арманистон Роберт Кочариён, ки ба маҳзи сипарӣ шудани ҳарду давраи мумкини раёсаташ ҳаққи ширкат дар интихоботи ахирро надошт ва аммо дар ҷараёни маъракаҳои интихоботӣ сароҳатан аз номзадии раиси кобинаи вазиронаш пуштибонӣ мекард, Серж Саркисиёнро билофосила бо пирӯзӣ табрик гуфта, интихоботи рӯзи 19 февралро ҳамчун интихоботи озоду мунсифона тавсиф кардааст.

Ҳайъати нозирони САҲА низ рӯзи чоршанбе дар натиҷагирии пешакии худ аз интихоботи Арманистон гуфтааст, ин маърака ба сурати умум, дар чаҳорчӯби тааҳҳудоти байналмилалие, ки Арманистон бар дӯш дорад, сурат гирифт. Аммо нозирони ғарбӣ зимнан ба зарурати иттихози тадобир ба хотири ислоҳи камбудиҳои боқимонда низ таъкид кардаанд.

Вале бо вуҷуди ба сурати умум одилона тавсиф шудани интихоботи раёсатҷумҳурии Арманистон аз сӯи нозирони САҲА, рӯзи чоршанбе ҳазорон нафар аз тарафдорони мухолифин ба нишони эътироз ба майдони марказии Ереван рехтанд.

Тарафдорони Левон Тер-Петросиён натоиҷи расмии эълоншударо эътироф намекунанд ва мегӯянд, мақомот ба хотири таъмини пирӯзии Серж Саркисиён ва ҳатман дар даври аввали интихобот аз тақаллуб парҳез накардаанд. Левон Тер-Петросиён ҳанӯз дар рӯзи раъйгирӣ аз вуҷуди мавориди фаровони дасткорӣ, тарс додани афрод ва ҳатто латукӯби тарафдорони худ сӯҳбат мекард. Аз ҷумла дар посух ба ин суоли як хабарнигор, ки пурсид:

“- Оқои Тер-Петросиён, шумо аз ҷараёни раъйдиҳӣ қаноатманд ҳастед?

- На. Бино ба маълумоте, ки ман дорам, хеле чизҳои баде рух додаанд.”

Феълан рӯшан нест, ки оё ҷонибдорони Артур Боғдасариён, номзади дигари ноком дар интихоботи рӯзи сешанбеи Арманистон низ ба раҳпаймоии тарафдорони Тер-Петросиён хоҳанд пайваст ё хайр. Ситоди Боғдасариён низ аз вуҷуди тахаллуфот дар ҷараёни интихобот шикоят карда буд.

Тазоҳургарон дар маркази Ереван, дар майдоне воқеъ дар наздикии қароргоҳи кумиссиюни марказии интихоботи Арманистон гирди ҳам омадаанд. Мақомот дар атрофи ин сохтмон аллакай монеаҳои оҳанин бардошта ва ба хотири ҳифзи он даҳҳо маъмури мусаллаҳ бо сипару калтаки пулис басиҷ шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG