Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фраттинӣ: Назорати марзҳои ИА бояд пурзӯртар шавад


Франко Фраттини, яке аз раҳбарони Иттиҳоди Аврупо (ИА) хостори пурзӯртар кардани назорат дар марзҳои Иттиҳодия гардид. Ба гуфтаи ӯ, ба хотири назорати афроде, ки ба ИА ворид мешаванд, бояд чораҳои нав, аз ҷумла, гирифтани изи ангушт ҷорӣ карда шавад. Ӯ имрӯз ҳамчунин пешниҳод кард, ки назорати муҳоҷират аз тариқи маҳвора ба роҳ монда шавад. Франко Фраттинӣ афзуд, ки «ин чораҳо тасаввуротеро дар худ ҷой додаанд, ки системи назорати марзӣ дар Аврупо бояд чӣ гуна бошад. Мо наметавонем иҷоза диҳем, ки мафия, қочобарон ва террористҳо дар ихтиёри худ назар ба пулиси мо технологияи ҷадидтар дошта бошанд”.

Пешниҳоди Фраттинӣ, ки татбиқи он миллиардҳо еврои иловагиро тақозо дорад, бояд аз сӯи ҳукуматҳои ҳама кишварҳои узви ИА баррасӣ шавад.

XS
SM
MD
LG