Пайвандҳои дастрасӣ

Лукашенко ҷонибдори беҳбуди равобит бо Ғарб аст


Президенти Беларус Александр Лукашенко мегӯяд, маъмурияти зери раҳбарии ӯ ба нигарониҳои кишварҳои ғарбӣ аксуламал нишон дода, баъзе раҳбарони мухолифини ҳукуматро аз зиндонҳо раҳо намуд. Раҳбари Беларус афзудааст, ки дар ҷавоб кишвараш ҷонибдори таҳкими равобит бо Иттиҳодияи Аврупо мебошад.
Ҳангоми суханронӣ дар Донишгоҳи давлатии Беларус Лукашенко таъкид кард, раҳоии мухолифин шаҳодати он аст, ки ҳукумати Беларус ба таври ҷиддӣ ба беҳбуди равобит бо мамолики ғарбӣ таваҷҷӯҳ дорад.
Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА ҳукумати Лукашенкоро бо таъқиби мухолифини сиёсӣ, поймол намудани ҳуқуқи башар ва тақаллуб дар интихобот муттаҳам мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG