Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корзори интихоботии Амрико - дар 3 аёлати дигар


Қарор аст, маъракаҳои интихоботи номзадҳои аҳзоби демократ ва ҷумҳурихоҳи Амрико имрӯз бо раъйгириҳои муқаддамотӣ дар аёлатҳои Вирҷинияву Мэрилэнд ва ҳавзаи Коламбия идома ёбад. Дар корзори демократҳо, интизор меравад, Барак Обама силсилаи пирӯзиҳои охири ҳафтаи гузаштаи худ дар 4 аёлат бар рақиби аслиаш Ҳиллари Клинтонро бо пирӯзиҳои нав идома диҳад.

Дар байни ҷумҳурихоҳон бо вуҷуди чанд пирӯзии ахири Майк Ҳаккабӣ, шонси пирӯзии ниҳоии сенатор Ҷон МакКейн ҳамчунон бузургтар ба назар мерасад.

XS
SM
MD
LG