Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷангандаҳои ТУ-95 дар ҷануби Ҷопон чӣ мекарданд?


Бино ба хабарҳо, 2 ҷангандаи русӣ дар уқёнуси Ором пиромуни як нови низомии Амрико парвоз кардаанд.

Мақомоти амрикоӣ бидуни бурдани ном ба хабаргузориҳо гуфтаанд, ба дунбол ҷангандаҳои амрикоии F-18 ҷиҳати аз атрофи маҳалли шинои нови амрикоии "Нимитс" дур бурдани ҷангандаҳои русии ТУ-95 амр гирифтаанд. Ин ҳодиса рӯзи шанбе дар ҷануби Ҷопон рух додааст.

Хабаргузориҳои русӣ аз қавли сарҳанг Александр Дробишевский, сухангӯи нирӯҳои ҳавоии Русия овардаанд, ки гуфтааст, ҳавопаймоҳои русӣ "дар масири таъйиншуда парвоз анҷом медоданд" ва ҳеҷ навъ муқаррароти байналмилалиро дар ин роҳ зери по накардаанд.
XS
SM
MD
LG