Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юшенко ва Путин дар Маскав мулоқот мекунанд


Раисиҷумҳури Украина Виктор Юшенко рӯзи сешанбе дар Маскава бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот доранд. Дидор ва гуфтугӯи ду раисиҷумҳур дар ҳоле сурат мегирад, ки ширкати “Газпром”-и Русия таҳдид кардааст, дар ғайри сурати пардохтани қарзаш тавзеъи газ ба Украинаро қатъ хоҳад кард.

“Газпром” қарзи то кунун ҷамъшудаи Украинаро ҳудуди 1,5 миллиард доллар баровард кардааст, вале ширкати украинии “Нафтогаз” ба чунин бузургӣ расидани қарзаш аз “Газпром”-ро радд мекунад.

“Газпром” қаблан таҳдид карда буд, ки агар Украина қарзашро напардозад, интиқоли газ ба он кишварро аз субҳи сешанбе қатъ мекунад. Баъдан замони ин зарбулаҷал шоми сешанбе муқаррар гардид.

Айни баҳси байни ду кишвар бар сари пули газ дар як соли пеш боиси эҷоди ихлол дар ҷараёни таҳвили гази Русия ба қисматҳое аз ғарби Аврупо шуда буд.
XS
SM
MD
LG