Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти Украина ба Русия сафар мекунад


Имрӯз бо ҳадафи ҳалли баҳси Украина бо ширкати Газпроми Русия президенти Украина Виктор Юшенко ба Маскав сафар мекунад. Бо ишора ба қарзҳои Украина Газпром таҳдид кардааст, ки содироти гази табиӣ ба ин кишварро мутаваққиф хоҳад кард. Шореҳон мегӯянд, музокироти Юшенко бо президенти Русия Владимир Путинро кӯшиши Киев барои вуруд ба паймони Нато хатчадор хоҳад кард.
Моҳи гузашта раисҷумҳури Украина тақозои барномаи "иқдомҳо барои увзият дар Нато"-ро матраҳ намуд. Ин амал ҳамчун қадами муҳим дар узвияти Нато арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG