Пайвандҳои дастрасӣ

Як соли раҳбарии Бердимуҳаммдов


Аз сари қудрат омадани Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии Туркманистон як сол сипарӣ шуд. Бо омадани Бердимуҳаммадов дар дохил ва хориҷи ин кишвар барои озодиҳои бештари иқтисодиву сиёсӣ умеди бештар ба миён омад. Раҳбари пешини ин кишвар Сафармурод Ниёзовро барои пешбурди як сиёсати худкома, пахши садои мухолифин, иқтисоди баста танқид мекарданд. Ва имрӯз, дар як тазоҳуроти сиёсии мухолифини туркман дар баробари сафорати Туркманистон дар Берлин аз Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов тақозо шуд, ки ба ваъдаҳои худ вафо кунад. Раиси ҳизби мухолифин Нурмуҳаммад Ҳанамов хитоб ба ширкатдорони ин ҳамоиш гуфт:

"Дар суханрониҳояш дар Аврупову Амрико Бердимуҳаммадов ваъда медиҳад, ки дар масири демократӣ гом мебардорад, аммо вай ба ваъдаҳояш вафо намекунад. Ба андешаи мо тадобири ӯ заъифанд. Талаби мо ин аст, ки гурӯҳҳои мухолифин иҷозаи бозгашта ба ватанро дошта бошанду дар интихобот ширкат кунанд. Дар сурати анҷом наёфтани ислоҳоти сиёсӣ ҳеҷ тағйироте рӯй нахоҳад дод".

То ҳол Бердимуҳаммадов чанд тағйиротеро дар риштаи маориф, фарҳанг, иқтисод анҷом додааст, аммо бо ин вуҷуд, то ҳол дар кишвар фаъолияти озоди ҳизбҳои мухолиф, нашри матбуоти мустақил иҷоза дода намешавад.

XS
SM
MD
LG