Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як раҳбари Толибон кушта шуд


Мақомоти Покистон гуфтанд, ки дар минтақаи ҷанубуғарби ин кишвар нирӯҳои амниятӣ панҷ муттаҳами Толибонро боздошт ва маҷрӯҳ карданд ва дар миёни онҳо фармондеҳи Толибони Афғонистон Мансури Додуллоҳ ҳам мебошад. Раиси полиси вилояти Балуҷистон мегӯяд, ки Додулло имрӯз дар вулусволии Жоб боздошт шуд. Мансур Додулло бародари раҳбари низомии Толибон Мулло Додулло мебошад, ки дар ҷараёни як амалиёти низомӣ моҳи майи соли гузашта дар Афғонистон кушта шуд.

XS
SM
MD
LG