Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико бандиҳои афғониро пас медиҳад


Мақомоти низомии Амрико рӯзи шанбе дар Кобул 20 нафареро, ки бовар меравад, ҷангиёни Толибон бошанд, ба мақомоти Афғонистон супурданд.

Таслими ин гурӯҳи бандиён дар чаҳорчӯби барномае сурат мегирад, ки тибқи он, бояд ҳама маҳбусини афғон, сарфи назар аз он ки дар боздоштгоҳи Гуантанамо ба сар мебаранд ва ё дар боздоштгоҳҳои марбут ба нирӯҳои Амрико дар дохили қаламрави Афғонистон, ба мақомоти ин кишвар таслим карда шаванд.

Ин алакай гурӯҳи 15-уми бандиҳое будааст, ки нирӯҳои Амрико ба мақомоти Афғонистон таҳвил мекунанд.

XS
SM
MD
LG