Пайвандҳои дастрасӣ

Путин Стротегияи рушди Русияро муаррифӣ кард


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия тарҳи Стротегияи рушди кишвар то соли 2020-ро ба Шӯрои давлатӣ пешниҳод кард. Зимни суханронӣ дар нишасти Шӯрои давлатӣ раҳбари Русия, аз ҷумла, дар робита ба таъмини амнияти миллӣ гуфт, ки таҷдиди неруҳои мусаллаҳ бояд бо назардошти хатарҳои ҷадид ва таҳдид ба манфиатҳои Русия сурат бигирад. Ҳамзамон Владимир Путин гуфт, ки Русия талош хоҳад кард то худро аз ихтилофот дар равобити байнулмилалӣ канор гирад.

Путин фардои сиёсии Русияро бо бисёрҳизбӣ бастагӣ дод ва аммо гуфт, ки ихтилофи назари аҳзоби сиёсӣ набояд кишварро ба вартаи бесару сомониҳо бикашад.

XS
SM
MD
LG