Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райс ва Милибэнд вориди Афғонистон шуданд


Кондализа Райс ва Дэвид Милибэнд, вазирони хориҷаи Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё имрӯз ғайриинтизор вориди Афғонистон шуданд. Аз ин пеш онҳо дар як мулоқот дар Лондон мавзӯъи ихтилофи назар дар Паймони НАТО оид ба амалиёти низомӣ дар Афғонистонро баррасӣ карданд. Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё аз дигар кишварҳои узви НАТО даъват мекунанд, ки барои мубориза бо Толибон, ба вижа, дар манотиқи ҷанубии Афғонистон неруҳои иловагӣ интиқол диҳанд.

Мавзӯъи интиқоли неруҳои нав ба Афғонистон имрӯз дар нишасти вазирони дифоъи кишварҳои узви НАТО дар Литва низ мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирад.

XS
SM
MD
LG