Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тахриби ёдгории оштии Туркияву Арманистон


Дар Туркия ба тахриби муҷассамаи ёдгорие шурӯъ кардаанд, ки ба манзури ташвиқи оштӣ байни Туркияву Арманистон бино шуда буд. Наворҳои телевизионӣ саҳнаи тахриби яке аз ду манораи ин ёдгории 35-метрӣ дар наздикии марзи ду кишварро намоиш медиҳад. Ин ёдгорӣ, ки муҷассамаи ду одами аз ҳам ҷудост, дар Туркия ба маҳзи зери соя қарор додани як мазори исломӣ мавриди интиқод қарор дошт. Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар моҳи январ зимни боздидаш аз минтақа ин ёдгориро “бемаънӣ” номид ва мақомоти маҳаллиро ба тахриби он ташвиқ кард. Талоши ҳунармандон барои ҳифзи ёдгорӣ натиҷа надод.
XS
SM
MD
LG