Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони рӯзноманигорӣ аз Атовуллоев ҳимоят кард


Алексей Симонов
Алексей Симонов
Алексей Симонов-раиси Бунёди дифоъ аз озодии баён аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки ба пайгарди Додоҷон Атовуллоев-рӯзноманигори мухолиф барои доштани ақоиди интиқодиаш роҷеъ ба раҳбарияти Тоҷикистон хотима диҳанд. Дар ин бора Симонов ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон номае фиристодааст. Бино ба хабари «Интерфакс», Симонов дар паёми худ ба раиси ҷумҳур ин рӯзноманигори тоҷикро “шахсияти бузурги доираи байналмиллалӣ” номидааст, ки дар кишварҳои аврупоӣ ба ақидаи вай гӯш медиҳанд ва садояш дар кишварҳои мухталиф шунида мешавад. Дар авоили моҳи апрел мақомоти Тоҷикистон барои истирдоди Атовуллоев ба Русия нома фиристода буданд. Қаблан созмони “Рӯзноманигорони бидуни марз” ин дархостро беасос хонда буд.
XS
SM
MD
LG