Пайвандҳои дастрасӣ

Тавзеҳоти бештар дар бораи фирор аз зиндони Қандаҳор


Полиси зиндони Қандаҳор

Полиси зиндони Қандаҳор

Дар Афғонистон тақрибан 500 нафар зиндонӣ, ки бештари онҳо ба эҳтимоли зиёд шӯришиёни толибон мебошанд, аз зиндоне дар шаҳри Қандаҳор фирор кардаанд. Ғулом Дастагири Майор-раиси зиндон гуфтааст, зиндониён шаби якшанбе аз нақби зеризаминӣ берун рафтаанд ва аксари онҳо зиндониёни сиёсӣ будаанд:

“Бештари 467 нафар зиндоние, ки фирор кардаанд, зиндониёни сиёсӣ мебошанд. Аз деҳае ба зиндон нақб кандаанд, вале комилан рӯшан нест, ки онҳо ин корро чӣ тавр анҷом додаанд. Полис расидагӣ анҷом медиҳад. Дастикам, 8 нафар зиндонии фирорӣ субҳи имрӯз дубора боздошт шудаанд”.

Бино ба гуфтаи ин манбаъ, дарозии нақб 360 метрро ташкил медиҳад. Ин дуввумин фирори бузург аз зиндони Қандаҳор дар се соли ахир аст. Соли 2008 Толибон бо истифода аз мошини бамгузоришуда дарвозаҳои зиндонро шикастанд ва ҳудуди 1 000 зиндонӣ по ба фирор ниҳод. Дар зиндони Қандаҳор ҳудуди 1 200 зиндонӣ нигаҳдорӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG