Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки молиявии Кувайт ба шӯришиёни Либия


Ҳукумати Кувайт барои шӯришиёни Либия тақрибан 180 миллион доллар ҷудо кард. Дар ин бора раиси Шӯрои милли муваққати Либия Мустафо Абдул Ҷалил хабар дод.

Баъд аз музокирот бо амири Кувайт Сабоҳ Ас-Сабоҳ раҳбари шӯришиёни Либия изҳор намуд, маблағи тахсисдодаи Кувайт ба Шӯрои муваққат имкон медиҳад, ки қисман маоши мардумро пардохт кунад.

Вазири умури хориҷии Кувайт гуфт, ки кишвараш омода аст ба таври оҷил барои шӯришиёни Либия кӯмаки башарӣ фиристад.

То имрӯз ҳукумати шӯришиёни Либияро Фаронса, Гамбия, Италия ва Қатар ба расмият шинохтаанд.
XS
SM
MD
LG