Пайвандҳои дастрасӣ

Путин паёми солонааш ба Думаи Давлатиро ироа кард


Владимир Путин, нахуствазири Русия, ироаи паёми солонааш ба Думаи Давлатиро шурӯъ кард ва дастовардҳои яксолаи ҳукуматашро шарҳ дод. Путин дар оғози нишасти махсуси палатаи поёнии дума гуфт, Русия дар замони бӯҳрони ҷаҳонии молӣ тавонист, “аз такону хатарҳои ҷиддӣ” эмин бимонад. Ӯ афзуд, ки интизор дорад, рушди иқтисодии Русия соли равон 4,2 дар садро ташкил диҳад. Ин паёми охирини Владимир Путин, ба порлумони феълии Русия аст. Соли оянда интихоботи навбатӣ ба Думаи Давлатӣ ва мақоми раёсати ҷумҳури Русия баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG