Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Тоҷикистон 60 000 сайёҳ дидан кардааст


Тайи се моҳи аввали сол ҳудуди 60 000 сайёҳи хориҷӣ аз тақрибан 60 кишвари дунё аз Тоҷикистон дидан кардаанд. Лочин Файзуллоев, муовини раиси кумитаи ҷавонон, варзиш ва туризми Тоҷикистон гуфтааст, бештари ин ҷаҳонгардон аз Эрону Афғонистон, Русияву Амрико ва Ҷопону Фаронса буда, аз ҳисоби сайёҳати онҳо ба ба кишвар зери 30 миллион доллар ҷалб шудааст. Оқои Файзуллоев гуфт, имсол дар бозори ҷаҳонгардии Тоҷикистон 5 ширкати нав ворид шуд ва дар маҷмӯъ дар ин бозор 167 ширкат амал мекунад.
Ба ҳисоби ин ниҳод, соли гузашта аз Тоҷикистон 207 000 сайёҳи хориҷӣ дидан кардааст.
XS
SM
MD
LG