Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WikiLeaks: ИМА мухолифони Сурияро сармоягузорӣ мекунад


Сомонаи WikiLeaks хабар дод, ки ИМА мухолифини Сурияро сармоягузорӣ мекунад.

Ба иттилоъи нашрияи Washington Post, ки ахиран матолиби нави WikiLeaks-ро чоп кард, бар пояи мукотибаи дипломатии вазорати умури хориҷии Амрико, аз соли 2006 ба ин сӯ Вошингтон барои пахши барномаҳои телевизиони Barada TV тақрибан 6 миллион доллар тахсис додааст. Қароргоҳи ин телевизиони мухолифини ҳукумати Сурия дар Лондон ҷойгир аст.

Вазорати умури хориҷии Амрико аз ташреҳи то куҷо дуруст будани ин хабар худдорӣ намуд.

Дар Сурия беш аз як моҳ боз намоишҳои зиддиҳукуматӣ идома доранд, дар задухӯрдҳо бо нерӯҳои амниятӣ ва полис беш аз 200 нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG