Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусолиҳаи муваққатии Тоҷикистон ва Русия


Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ва Русия иҷрои дастури манъи парвозҳои байниҳамиро то поёни гуфтушунидҳои дутарафа мавқуф гузоштанд.

Тибқи хабарҳо, мақомоти Тоҷикистон ризоият доданд, ки то ҳалли масъала дар гуфтушунидҳои дутарафа аз талаби пардохти боҷи ҷубронкунанда аз ҳавопаймоҳои Русия худдорӣ мекунанд.

Ба ин тартиб, Тоҷикистон амалан талаби тарафи Русияро қонеъ кард, ки лағви зарурати пардохти чунин молиёт буд. Аммо талаби дигари Русия ин буд, ки замонатномаҳои ширкатҳои ҳавонавардии Русия, ки баъд аз қарори моҳи сентябри Ҳукумати Тоҷикистон ба унвони мақомоти Душанбе фиристода, дар онҳо ба пардохти чунин андоз ризоият дода буданд, ба ширкатҳои Русия бозгардонида шаванд, зеро ин аснод метавонанд, баҳсро дар додгоҳ ба фоидаи Тоҷикистон ҳал кунанд.

Дар борaи ин талаб чизе гуфта намешавад, аммо тарафҳо мегуянд, ҳамаи масъаларо дар гуфтушунид ҳал хоҳанд кард. Чунин ҳалли васат замоне ба даст омад, ки ба дунболи эълони манъи парвози ҳавопаймоҳои Тоҷикистон ба Русия, Душанбе парвози ҳамаи ҳавопаймоҳи Русиро ба Тоҷикистон мамнуъ эълон кард.

Дар моҳи сентябри соли гузашта Ҳукумати Тоҷикистон қарор кард, ҳамаи ҳавопаймоҳое, ки дар масирҳои берун аз хадамоти ширкатҳои ҳавопаймоии маҳаллӣ парвоз мекунанд, бояд боҷи ҷубронкунанда бипардозанд, ки аз $10 то $15 ба сари мусофир иборат аст.

Ширкатҳои Русия, ки дар ибтидо ин шартро қабул карда, дар бобати пардохти он замонатнома додаанд, акнун ин амалро хилофи меъёрҳои байнулмилалӣ номида, аз иҷрои ваъдаи худ сарпечӣ мекунанд.

Бӯҳрон махсусан замоне авҷ гирифт, ки мақомоти Тоҷикистон ҳавопаймои ширкати "Сибир"-ро бо сабаби напардохтани боҷ 8 соат дар фурудгоҳи Душанбе нигоҳ доштанд.
XS
SM
MD
LG