Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси Клинтон ва Обама дар ростои интихоботи васеъ


Сенаторон Ҳиллорӣ Клинтон ва Барак Обама, ки барои номзадӣ ба мақоми президенти Амрико аз номи Ҳизби демократ мубориза мекунанд, дар ростои интихоботи густардаи дохили ҳизб дар даҳҳо аёлати Амрико охирин баҳси телевизионии худро ба анҷом расонданд. Дар ин баҳс дар Ҳолливуди Колифорниё ду муддаъӣ мавзӯъҳои зиёдеро баррасӣ карданд, аз ҷумла роҳҳои хуруҷи нируҳои Амрико аз Ироқро. Обама гуфт, бо вуҷуди рӯҳияи шадиди сабқат ният дорад, дӯстиро бо Клинтон аз даст надиҳад. Рӯзи сешанбеи 5-уми феврал дар беш аз 20 аёлати Амрико барои муайян кардани номзадҳо аз ҳизбҳои демократ ва ҷумҳурихоҳ овоздиҳӣ барпо мегардад.
XS
SM
MD
LG