Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳушдори Теҳрон зидди қатъномаи нави СММ


Теҳрон ҳушдор дод, ки қатъномаи нави Созмони Милал бар зидди Эрон пайомадҳои ҷиддӣ хоҳад дошт. Ин изҳороти вазири умури берунаи Эрон, Манучеҳри Муттакӣ дар ҳоле садо дод, ки 15 кишвари узви Шӯрои Амният дар мулоқоте дар Ню Йорк таҳримҳои нави зидди Эронро баррасӣ карданд. Ин тарҳ аз тарафи Бритониё, Иёлоти Муттаҳида, Фаронса, Русия ва Чин -- панҷ узви доимии Шӯрои Амният ва Олмон пазируфта шудааст. Аммо намояндаи Чин дар нишасти ахири Ню Йорк гуфтааст, раъйдиҳии тарҳи пешниҳодӣ чанд ҳафта вақт хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG