Пайвандҳои дастрасӣ

Шарифҷон Раҳимзода - раиси нави Бонки миллӣ


Имрӯз дар ҷараёни даври ниҳоии ҷаласаи ҳукуматӣ бо амри раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон Шарифҷон Раҳимзода ба вазифаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин шуд. Вай қаблан раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ будааст. Инчунин, ба вазифаи муовини нахуствазири кишвар дар масоили иҷтимойӣ - Руқия Қурбонова, раиси собиқи шаҳри Қурғонтеппа, таъйин шуд. Ӯ дар ин вазифа Хайринисо Юсуфиро иваз кард. Нишасти ҳайати ҳукумати Тоҷикистон рӯзи ҷумъа бо танқидҳои шадиди Эмомалӣ Раҳмон аз кори сохторҳои давлатии масъули таъминоти энерживу барқ дар Тоҷикистон шурӯъ шуд. Дар кори он инчунин як идда таъйиноти нав сурат гирифт.

XS
SM
MD
LG