Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Покистон ба аёлати қабиланишин ниру фиристод


Низомиёни Покистон мегуянд, онҳо ба аёлати Вазиристони Ҷанубӣ дар наздикии марз бо Афғонистон нируҳои тақвиятӣ фиристодаанд. Ба гуфтаи генерал Атҳар Аббос-сухангуи артиши Покистон, ҳафтаи гузашта тундравҳо дар ин аёлат вазъро мутташанниҷ сохтаанд. Нируҳо ба Вазиристони Ҷанубӣ дар ҳоле фиристода шудаанд, ки як рузи пеш генерал Ашфақ-раиси ситоди артиши Покистон дар Равалпиндӣ вазъи амниятиро бо Адмирал Вилям Феллон-раиси фармондеҳии марказии низомиёни Амрико баррасӣ кард.
XS
SM
MD
LG